(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мардум, ифтитоҳи як зумра иншооти нав ва мулоқот бо сокинон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.

Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ванҷ оғоз гардид. Сокинони саодатманди ноҳияи Ванҷ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.

Фазои шукӯҳу шодӣ, фараҳмандӣ ва истиқболи гарм аз садоқат ва меҳру муҳаббати самимии мардуми ноҳияи Ванҷ нисбат ба Пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медод.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 дар маркази ноҳияи Ванҷ барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои муосиртарин шароити таълиму тарбия барои насли наврас мебошад. Иншооти мазкур аз се бинои ду ва сеошёна иборат мебошад.

Бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4-и ноҳияи Ванҷ дорои 28 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла физикаю химия, технологияи компютерӣ, лингафонӣ барои забонҳои русию англисӣ ва озмоишгоҳи фанҳои физикаю химия буда, бо тамоми ашёи хониш ва аёниятҳои таълимӣ таъмин аст.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-и ноҳияи Ванҷ соли 2016 бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари маорифпарвари мамлакат дар масоҳати 4254 метри мураббаъ оғоз гардида, иншоот як сол қабл аз муҳлат бо сифати баланди меъморӣ ва муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти зарурии хониш сохта мавриди истифода қарор дода шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз синфхонаҳои таълимӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд ва таваҷҷуҳи омӯзгоронро ба истифодаи мақсаднок аз шароити муҳайёгардида барои таълими босифати насли наврас ва ҷалби бештари онҳо ба забономӯзию азхуд намудани нозукиҳои технологияи муосир ҷалб намуданд.

Тамоми синфхонаҳои муассисаи таълимии мазкур бо системаи махсуси замонавӣ гарм карда мешаванд ва дар назди муассисаи таълимӣ барои ҳолатҳои зарурӣ анбори махсуси нигаҳдории ангишт ҳам сохта шудааст.

Толори маҷлисгоҳи ин муассисаи таълимӣ дорои 220 ҷойи нишаст буда, барои баргузории ҳамоишу чорабиниҳои гуногун хеле мувофиқу муносиб мебошад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити маҷлисгоҳи муассисаи таълимии мазкур ҷиҳати ҷалби хонандагон ба маҳфилҳои гуногун ва ташкили ҳаргуна чорабиниҳои судманд дар самти боло бурдани савияи дониши насли наврас ба омӯзгорон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд. Дар муассисаи таълимии мазкур вобаста ба талаботи давру замон китобхонаи электронӣ низ муҳайё карда шудааст.

Мактаб дорои толори варзишӣ бо 85 ҷойи нишаст мебошад. Дар толори кушоду барҳавои варзишии муассисаи таълимӣ барои хонандагон шароити хуби баргузории бозиҳои гуногун муҳайё карда шудааст. Дар ин ҷо майдончаҳо барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол низ сохта шудааст.

Атрофи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-и ноҳияи Ванҷ дар масоҳати 1200 метри мураббаъ кабудизор карда шуда, баро равшаннамоӣ 6 адад сутунпоя бо баландии 3,5 метр ва 6 адад бо баландии 9 метр насб гардидааст. Иншоот бо камераҳои назоратии дохилию беруна ва системаи аз сӯхтор огаҳкунанда таъмин мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо хонандагону омӯзгорон ифтитоҳи бинои нави таълимии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 дар маркази ноҳияи Ванҷро дар рӯзҳои таҷлил аз 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо табрик намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...