(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Имсол ҳам нишасти бахшида ба ҳуқуқи инсон, ки онро САҲА баргузор мекунад, олуда ба баҳсҳои сиёсӣ шуд. Ҳайате, ки Тоҷикистон ба ин нишаст фиристод, бо далелҳои маълум ба роҳбарони ТТЭ ҲНИ маъқул наафтод (чун ҳамешагӣ), чун дарк карданд, ки ин бор ҳам сиррашон фош гардидаву пешорӯи ҷомеаи ҷаҳон боз шармандатар хоҳанд буд. Ҳолати аъзову роҳбарони ин ташкилоти террористиро чизе ҷуз ин наметавон шарҳ дод.

Аммо агар аз ин бигзарему бубинем, ки воқеияти норозигии ТТЭ ҲНИ аз иштироки Тоҷикистон бо ин ҳайат дар нишасти Варшава чист? Чаро ҳолати бавуҷудомада боиси ташвиши наҳзатиён шуду тасмим доранд сафи худро дар ин нишаст аз ҳисоби онҳое ҳам пур кунанд, ки ба ҳар восита ба Аврупо рафтаанд? Ва дар ниҳоят ҳамнишинӣ бо аъзову роҳбарони ин ташкилот чӣ пайомадҳо хоҳад дошт?

Вобаста ба ин ва суолҳои дигар хабарнигорамон бо Сафарзода Анвар Ислом, мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, суҳбат кард.

- Биёед, суҳбатро аз суоли аввали болоӣ шурӯъ кунем, ки дарвоқеъ, воқеияти норозигии ТТЭ ҲНИ аз иштироки Тоҷикистон бо ин ҳайат дар нишасти Варшава чист?

- Аз навиштаи матбуот бо ҳайате, ки дар Варшава Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд, шинос шудам. Маълум мегардад, ки кишвари моро дар ин ҳамоиши байналмилалӣ Варшава на танҳо намояндагони ҳукумату ҷомеаи шаҳрвандӣ, балки онҳое ҳам муаррифӣ мекунанд, ки дар гузашта бо ТТЭ ҲНИ пайвандӣ доштанд. Ин маънои онро дорад, ки ин маротиба Тоҷикистон пешорӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳузури шоҳидони воқеӣ суҳбат мекунад. Чун нишасти мазкур марбут ба ҳуқуқи инсон аст ва дар раванди баррасии мавзӯъи ҳуқуқи инсон факт ва шоҳид ду омили хеле муҳиманд, ин тасмими ҷониби Тоҷикистон воқеист.

Аъзову роҳбарони ТТЭ ҲНИ хуб медонанд, ки фошкориҳои шоҳидону баррасии фактҳои воқеӣ дар ояндаи наздик ҳам аз лиҳози молиявӣ ва ҳам аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳолати онҳоро танг мекунанд. Ба ин хотир ҳузури шоҳидоне, ки рӯ ба рӯи доираи бузурги ҳуқуқдонҳову сиёсатшиносон аъмоли пасипардагии ин ташкилоти маъхуф ва аъзои онро фош мекунанд, ба онҳо нафорид.

Аз сӯйи дигар, иштирок дар ин нишаст озод аст ва ин ҳаққи Тоҷикистон аст, ки киро ба ҳайси намоянда ё узви ҳайат фиристад.

Дарвоқеъ, ин ҳолат наметавонад боиси нигаронӣ ва ташвиши роҳбарони ТТЭ ҲНИ набошад. Онҳо ҳоло кам-кам ба худ омадаву диданд, ки дар атрофашон касе намонда, чун бисёре аз аъзои собиқ пайомадҳои ҳуқуқии ҳамнишинӣ бо ташкилот ва роҳбарони онро дарк карда, бо арзи пушаймонӣ ба ватан баргаштанд, ё комилан худро аз фазои ҷиноятие, ки ин ташкилот созмон додааст, канор гирифтанд. Ҳамин аст, ки вақтҳои охир эмиссарҳои ТТЭ ҲНИ хеле зиёд талош карданд, то сафи худро аз ҳисоби афроде, ки ба гуфтаи худашон, барои зиндагии беҳтар ба Аврупо рафтаанд, пур кунанд. Дуруст, муваффақ нашуданд ва фикр мекунам, ки муваффақ нашуданашон ба оқибатҳои ҳуқуқии ҳамнишинӣ бо ТТЭ ҲНИ марбут аст.

Аммо дар масъалаи “сиёсӣ шудани баҳси ҳуқуқӣ” инро бояд дар назар дошта бошем, ки ТТЭ ҲНИ тавонмандии сиёсӣ надорад, ин ташкилот аслан, субъекти сиёсӣ набуда, чун як ташкилоти террористиву экстремистӣ эътироф шудааст. Бинобар ин, ба мавзӯъи мавҷудияти ТТЭ ҲНИ на чун як оппонент ё мухолифи сиёсӣ, балки бояд чун ташкилоти террористиву экстремистӣ бархӯрд кард.


- Оқибатҳои ҳуқуқии ҳамнишинӣ бо ТТЭ ҲНИ, - ин яъне чӣ?

- Тибқи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои иштирок дар ҷаласаву нишастҳои ТТЭ ҲНИ ҷавобгарии сангин пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, мувофиқи моддаи 3073 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар, (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016, № 1359), бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.15, №1261).

Инчунин, ин кирдор (ҳамнишинӣ бо ТТЭ ҲНИ) метавонад тибқи моддаи “шарикӣ дар ҷиноят” ё “шарикӣ бо ҷинояткор” тафсир карда шавад. Айни ин ҳолатро моддаи 39, қисми 5-и Кодекси ҷиноятӣ мушаххас кардааст: “Ҷиноят дар ҳолате аз ҷониби иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содиршуда эътироф мешавад, ки агар онро узви (аъзои) чунин иттиҳод ҷиҳати иҷрои мақсадҳои ҷинояткоронаи он, инчунин бо супориши иттиҳоди ҷиноятӣ шахсе содир карда бошад, ки узви иттиҳоди ҷиноятӣ нест”.

Яъне, касе, ки новобаста аз узвият доштан ё надоштан дар ТТЭ ҲНИ бо даъвати ин ташкилот ба нишасти Варшава меравад, метавонад субъекти моддаҳои мазкур бошад. Мушаххастар, ҳамнишинӣ бо ҷинояткор ҷиноят аст.

Ҳамчунин, кӯшиши сафедкунии оммавии экстремизм низ тибқи моддаи 3071-и Кодекси ҷиноятии ҶТ ҳеҷ касро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намекунад. Чунин амал низ ҷиноят буда, барои содир кардани он аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст. Яъне ба ҳеҷ ваҷҳ инсони солимандеша ва ҷонибдори волоияти қонун бояд аз чунин ашхос ва нақшаю ақидаҳои зиддиинсонии онҳо ҷонибдорӣ накунад.


- Бо такя ба талаботи қонунгузории Тоҷикистон, ҳамчун, ҳуқуқшинос, дархост ё пешниҳоди холисонаву беғаразонаи Шумо чӣ гуна хоҳад буд?

- Меъёрҳои дар боло зикршудаи қонунгузории ҷиноятии Тоҷикистон афроди аз ҷониби ТТЭ ҲНИ дар нишасти Варшава иштироккунандаро ҳушдор медиҳад, ки аз дар бораи тасмими худ дуруст андешанд ва набояд думболаи ташкилоти ҷинояткор раванд.

Ин нуктаро ҳам набояд фаромӯш сохт, ки роҳбарони ТТЭ ҲНИ барои амалисозии ҳадафҳои худ аз ҳар роҳи ғайримумкин истифода мекунанд. Инро дар зиндагии воқеиямон шоҳид будем. Натиҷа ин шуд, ки айнан ҳамон ҳамнишинӣ ё шарикӣ бо ин ташкилот ҷавонони зиёдро пушти панҷара бурд. Онҳое, ки ҳоло дар Аврупо истода, лофу газоф мезананд, то ҷавонон ё афроди ноогоҳро ба худ ҷалб кунанд, ба нишастҳои худ даъват кунанд, ҳеҷ гоҳ кафолат дода наметавонанд, ки фардо ин ҷавон ё фарди ноогоҳро чӣ оқибатҳои ҳуқуқӣ интизор аст.

Мешавад, ки ба ин мавзӯъ аз паҳлӯи дигар ҳам бархӯрд кард. Садсолаҳо қабл мардум мегуфтанд, “Бо моҳ шинӣ — моҳ шавӣ, бо дег шинӣ — сиёҳ шавӣ”. Он замоне ки ҳанӯз мафҳумҳои “ҳамнишинӣ бо ТТЭ ҲНИ” ё “шарикӣ дар ҷиноят” вуҷуд надоштанд, мардум инро дар зиндагии худ таҷриба карданд.


- Аз тафсири Шумо метавон чунин хулоса кард, ки ҳар нафаре, ки ҳамроҳи аъзову роҳбарони ТТЭ ҲНИ дар нишасти Варшава иштирок мекунад ё аз он ҷонибдорӣ менамояд, метавонад новобаста аз узвият дар ин ташкилот ба пайомадҳои ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ шавад?

- Айнан ҳамин тавр. Ва ҳадаф аз шарҳи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон ҳам ҳамин аст, ки онҳое, ки тасмим доранд дар нишасти Варшава ҳамнишини ТТЭ ҲНИ бошанд, андеша кунанд. Болои мафҳуми “шарикӣ бо ҷинояткор” андешанд. Қонун ба онҳое, ки аз раъйи ҷинояткоронаи худ баргашта, дар раванди пешгирии ҷинояту ошкорсозии ҷинояткорон бо мақомот ҳамкорӣ мекунанд, гузаштҳо ва сабукиҳо муайян кардааст, ба шарте ки “дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад”.


Мусоҳиб: Довуд Исматӣ, рӯзноманигор

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...