03 Сентябр 2018
Соли равон барои ободу зебо гардонидани шаҳри Хуҷанд аз ҷониби роҳбарияти шаҳр нақшаи ободонӣ ва гулзоркунии кўчаю хиёбонҳоро таҳия карда шуда, барои амалӣ намудани он чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Бо ин мақсад дар парваришгоҳи муассисаи «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и КВДК Сарраёсат ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ”-и шаҳри Хуҷанд ба миқдори 70 000 адад тухмии карамгул кошта шуда, нигоҳубин карда шуда истодааст. Ҳамзамон, дар гармхонаи коргоҳ дарахтони нодир, ба монанди ардач, кастона, буттагули палма ва юкка барои мутобиқгардонӣ шинонида шуда, барои дар кўчаю хиёбонҳои шаҳр шинонидан омода гардида истодааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







