03 Сентябр 2018
Субҳи имрӯз ба муносибати Рӯзи дониш дар 47 макотибу литсею гимназияҳои шаҳри Хуҷанд бо ҳузури беш аз 38 ҳазор нафар хонандагон ва 2360 нафар омӯзгорон чорабиниҳои расмӣ баргузор гардид, ки дар муассисаҳои таълимии номбурда намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳозир шуда, табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба самъи ҳозирин расониданд.
Бо шарофати ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат давоми 27 соли соҳибистиқлолиикишварамон дар шаҳри Хуҷанд 8 мактаби давлатӣ, 11 мактаби хусусӣ ва 11 кўдакистонҳои наву замонавӣ ифтитоҳ гардиданд. Соли равон дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 31 нафар хонандагон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида, аз ҷумла 7 нафар соҳиби медали тилло, 9 нафар соҳиби медали нуқра ва 15 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин дар миқёси вилоят мебошад. Боиси ифтихор аст, ки соли ҷорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 6 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр мактабро бо медалҳои тиллою нуқра хатм намуданд. Таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва нерўи тавонои зеҳнӣ ба шумор мераванд, бинобар ин дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои фарҳангии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор меравад. Барои расидан ба ин ҳадаф ба Шумо омўзгорон пирўзиву комёбиҳо орзу менамоям”.
Сипас, хонандагону омӯзгорони литсей суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатиии тиббии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи донишро тариқи оинаи нилгун тамошо намуданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд яке аз муассисаҳои таълимии фаъоли шаҳр арзёбӣ гардида, дар соли хониши 2017-2018 дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 64 медал гардидааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







