(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар замони муосир, ки љомеаи иттилоотӣ мебошад, инсоният ва кишварҳову ҳукуматҳо наметавонанд аз таҳоҷуми хабарӣ дар канор бошанд. Бо ибораи дигар дар љаҳони муосир мамлакатеро, ки дар бунбасти иттилотӣ қарор дошта бошад, пайдо намудан мушкил аст. Тоҷикистон низ ҳамчун як ҷузъи ҷомеи ҷаҳонӣ аз ин ҳолат дар канор нест.

Таври маълум, иттилоот ҳамеша ду ҷанба дорад: мусбӣ ва манфӣ. Аз миёни сели хабарҳо дурӯғ ва воқеиашро ҷудо намудан корест мушкил. Аммо воқеӣ ва дуруст будани хабарҳо аз сатҳи фарҳангу идроки аҳли ҷомеа низ вобаста мебошад. Агар ба таърихи замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон назар андозем, маълум мегардад, ки дар баъзе ҳолат нафарони худхоҳу мансабпарасту ҳангоматалаб барои расидан ба ҳадафи хеш ҷилд-ҷилд китобҳои моломоли дурӯѓу таҳрифи таърихро чоп намудаанд. Роҳбарон ва пайравони Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки гурӯҳи «фаъоле» дар таҳрифу дурӯғнависӣ буданду ҳастанд, аз ин раванд дар канор нестанд.

Мақсад ва нақшаҳои муғризонаи саркардаҳои аслии ТТЭ ҲНИ,  ки  комилан аз ғояҳои ифротгароӣ ва террористӣ сарчашма мегирифтанд, дар китобу нигоштаҳои онҳо баръало инъикос шудааст. Ҳадафи сарварону ҳаводрони  ТТЭ ҲНИ бо роҳи зӯрӣ ва қатлу куштор ба сари мардум таҳмил намудани фарҳанги бегонаву тафаккури асримиёнагӣ ва дар ин замина дар қаламрави Тоҷикистон таъсис додани давлати исломӣ буду ҳаст. Хушбахтона, ин нафарони манфуру ҷоҳталаб ва бадбахту худбохта ба мақсадашон нарасиданд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ташкили ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон маҳз нақшаҳои харобкоронаи роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ буд. Аъзои ин ҳизби террористӣ дар он солҳо ба кумаки хоҷагони хориҷии худ мардуми бегуноҳ, бахусус чеҳраҳои саршиносро ба қатл расонда, миллатро пароканда ва давлатро қариб ба нестӣ бурда буданд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар мардуми бегуноҳ қурбон ва зиёда аз 1 миллион аҳолӣ овораю дарбадар шуда буданд. Маҳз ҳамин мансабталошиву давлатхоҳии ҷонибдорон ва сарварони ТТЭ ҲНИ буд, ки мардуми тоҷик то ба имрӯз дар кишварҳои бегона ҳамчун муҳоҷир қарор доранд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо дар он давра буҷаи Тоҷикистон зиёд аз 7 миллиард суми шуравӣ буд. Бо гузашти зиёда аз 26 сол ҳанӯз ҳам ҳукумати кишвар дар андешаи бартарафсозии хисороти ҷанги дохилӣ мебошад.

Ногуфта намонад, ки мардуми Тоҷикистон ҷиноятҳои содирнамудаи роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ - ро асло фаромӯш намекунанд. Зеро аз солҳои љанги шаҳрвандӣ то имрӯз қариб оилае нест, ки хеши наздик, фарзанд ё падару модари худро аз даст надода бошад. Дуои ҳазорон модари тоҷику тоҷикистонӣ, ки писарону духтарони ҷавони худро дар муноқишаҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз даст додаанд, роҳбарият ва аъзои ҲНИ - ро хоҳад гирифт. Саркардагон ва ҳаводорони ТТЭ ҲНИ, ки айни замон дар кишварҳои аврупоӣ панаҳ бурдаанд, набояд аз ёд бароранд, ки дар назди ин мардум гунаҳгору қарздоранд. Кас ҳайрон мешавад вақте  ду-се тан бо ном рӯзноманигорон дар паҳлуи Кабириву ҳаммаслаконаш маскан гирифта, шабу рӯз аз ин ҷинояткору шарикони ҷиноияш «бут метарошанд». Маҳз чунин журналистони мунофиқанд, ки барои таблиғи ақоиди ифротиву қуруни вустоӣ замина мегузоранд.

Имрӯз  Ҳукумату мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба хотири дубора ноором нагардидани ҳаёти шаҳрвандон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва экстремизм қарор дорад. Ҳамин аст, ки дар байни сарони кишварҳои  узви  Созмони  Милали  Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфуз ҷиҳати  муборизаи  беамон  бо  ин вабои аср Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша садо баланд мекунанд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоранд, ки дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб муттаҳид бошанд.

Гурӯҳҳои ифротгаро талош доранд, ки бо ақидаҳои мутаасибонаи худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки аз  асолату фарҳанги миллӣ, хештаншиносӣ ва давлати миллию ақлгароӣ пурра огоҳӣ надоранд, ба худ ҷалб намоянд. Бинобар ин дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳии комил тарбия кардани насли ҷавон, яке аз  вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

Кулли шаҳрвандони ҷумҳуриро зарур аст, ки бар муқобили андеша, ният ва нақшаи харобкоронаи террористон, хусусан аъзои ТТЭ ҲНИ дар њамбастагӣ ва дастаҷамъона муборизаи беамон баранд. Имкон ва иҷозат надиҳанд, ки ин душманони миллат дубора сабабгори низоъ ва кашмакашҳо дар кишвари биҳиштосову рушдёбандаамон гарданд. Барои решакан кардани ду зуҳуроти аср - терроризм ва экстремизм, талошҳо намоянд.

Диловари Хуршед

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...