(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки худро аз мухолифони давлатдории миллии тоҷикон меҳисобад, дар арсаи байналмилалӣ бори чандум аст, бе далелу санад афкори умумии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва афроди алоҳидаро ба қазияи боздошти наҳзатиҳои ҷинояткор ҷалб кардан мехоҳад. Пайравони ҳизби мазкур дар муқобили далелҳои раднашавандаи мақомоти тоҷик истода, ҷуз иддаои дур аз ҳақиқат чизи дигаре дар даст надоранд ва худро шармандаи ҷаҳон ва мазҳакаи созмонҳои байналмилалӣ кардаанд. Ин танҳо аъмоли хиёнаткоронаи ташкилоти экстремистӣ ва террористии Ҳизби наҳзати исломӣ нест, ки дар арсаи байналмилал номи кишвари моро паст мекунад.

Дар баробари ин, афроди алоҳида ва ё созмонҳои байналмилалӣ низ аз қувваҳои тундгаро ва ифротӣ ҷонибдорӣ мекунанд. Онҳо бо пахши изҳороте вазъи ҳуқуқӣ дар Тоҷикистонро бад ҳисобиданӣ мешаванд. Махсусан, Эдвард Лемон, ки худро профессори Донишгоҳи Колумбия меҳисобад, дар сафҳаи сомонаи иҷтимоии худ аз тундгароӣ истиқбол карда, кирдорҳои ғайриқонунии мухолифони тоҷик алайҳи давлату миллати тоҷикро ҷолиб шуморида, аз тоҷикистониён ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват мекунад ба кампини наҷоти зиндониёни сиёсӣ идома диҳанд. Аз иқдоми боздошти раҳбарият ва пайравони ошӯбгарои ТТЭ ҲНИ нигаронӣ карда, иддао мекунад, ки акнун замони талаби озодӣ ба зиндониёни сиёсӣ фаро расидааст. Аслан, ҳамин муҳаққиқони ба ном чун Эдвард Лемон дар кишвар вазъияти оромро бад мекунанду рафторҳои ноҷо доранд. Вақте нафаре ё гурӯҳу қуввае ба ҷиноят даст зад, бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Вай ҳамчун шахси хориҷии ба ном адолатпарвар вазъияти дохилиро таҳрик медиҳад. Аз ин бар меояд, аз ин унвон истифода мекунад.

Бояд тазаккур дод, ки агар «профессор»-и Донишгоҳи Колумбия ба ҳоли худ гузошта шавад, яқин рабт доштани аъзоёни ин ҳизб дар ҳодисаҳои ахири кишварро рад мекунад. Ҳатто даъво ҳам пеш меорад ва талаб дорад, ки гунаҳкорон ва ҷинояткоронро раҳо намоянд. Эдвард Лемон барои манфиати чанд нафарро амалӣ намудан, ҳуқуқи кулли сокинони Тоҷикистонро поймол намуда истодааст. Тамоми сокинони кишвар мехоҳанд, ки гунаҳкорон бояд сазои подошро бигиранд. На ин ки чанд авфроди хориҷӣ аз он ҷонибдорӣ бикунанд.  Аммо масъулони ниҳодҳои байналмилалӣ ба давлати Тоҷикистон баҳои ғаразомез ва якҷониба додаанд, ки муҳтавои он вазъияти воқеии кишварро  инъикос намекунад.

Боздошти гунаҳкорон мутобиқ ба қонунҳои Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ амалӣ шудаву мешавад ва нигаронии хориҷӣ бепоя аст, чунки дар қиболи интиқодҳояш аз давлату миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон ягон далел ва асосе надорад. Дар ин ҷо хиёнати ҷиддии наҳзатиҳо ба мушоҳида мерасад, лекин андешаи ғаразноки ҳамин созмон аст, ки баръакс бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бархӯрд ва муносибати ягона надорад. Бо ҳарки чи гунае, ки мехоҳад, ҳамон гуна муносибат мекунад. Якеро интиқод мекунаду дигареро таърифҳои болохонадор. Мутассифона, як таҳаввуле миёни созмонҳои байналмилалӣ роиҷ аст, ки онҳо танҳо камбудиро мекобанд ва дастовардҳоро нодида мегиранд.


Далер Қосимов

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...