(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altШоми 28 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон», ки баъди навсозӣ ба як макони дилфиреби сайру тамошо табдил ёфтааст, иштирок намуданд.

Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ҳанӯз соли 1940 бунёд ёфта, бо гузашти солҳо ин мавзеъ, атраксионҳо ва  дигар дастгоҳу таҷҳизоти дилхушии кӯдакон корношоям гардида, ба навсозии пурра эҳтиёҷ доштанд.

Корҳои навсозӣ дар боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2017 оғоз гардида, бо назардошти талаботи замони муосир дар ҳудуди иншооти мазкур ниҳоли дарахтони нодири сояафкан, ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шуданд ва девору роҳравҳо сафолакпӯшу соҳили кӯлу атрофи боғ пурра навсозӣ гардиданд.

Ҳудуди боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» 3,5 гектарро ташкил дода, дар ҷараёни корҳои навсозӣ зиёда аз 15 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш ва 18 ҳазор метри муррабаъ майсазор гардонида шудааст. Барои чароғонкунии боғ бошад  267 сутунпояи аз 3 то 12-метра насб карда шудаанд.

Барои сарсабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» зиёда аз 500 бех дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонидаанд.

Се навъи гулҳои мавсимӣ, дар маҷмуъ зиёда аз 400 ҳазор бех муҳити боғ ро зебою назаррабо гардонидаанд.

Як фавораи бузурги бо мусиқӣ танзимшаванда ва ду фавораи хурди боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» бо рӯшноии чароғҳои ранга муҳити атрофро  ҷаззоб месозанд. Дар боғ таваққуфгоҳ барои 70 автомашина ва бинои нави маъмурӣ низ сохта шудааст.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои навсозии боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» баҳои баланд дода, зикр намуданд, ки ин Ватанро танҳо метавон бо садоқату вафодорӣ ва хизмати содиқона пойдору пешрафта гардонд.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди шаҳри Душанбе даҳҳо чунин иншооти истироҳатию фароғатӣ бунёд ва навсозӣ карда, дар онҳо барои сокинону меҳмонони пойтахт шароити арзанда фароҳам оварда шудааст.

Мавзеъҳои фарҳангию фароғатӣ дар шаҳри Душанбе бо зебоии хосашон диққатҷалбкунанда буда, ба макони сайру гашт ва истироҳати доимии сокинону меҳмонони пойтахт табдил ёфтаанд.

Фавораҳои зебою дилфиреб, гулу буттаҳои рангорангу назаррабо ва дарахтони нодири ҳамешасабзу сояафкан ва ороишӣ ба боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ҳусни нотакрор бахшидаанд.

Барои истироҳати сокинону меҳмонон дар ин боғ 70 адад курсиҳои гуногун, гӯшаи алоҳидаи табиати кишвар ва олами вуҳуш ташкил карда шуда, ҳайкалчаҳои қаҳрамонони афсонаҳо ва ҳайвонот ҳудуди иншооти мазкурро диққатҷалбкунанда намудаанд.

Дар боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» майдонча барои бозии кӯдакону наврасон бунёд ва барои машқҳои шиноварию сайёҳат дар об 20 қаиқи замонавӣ дастрас карда шудааст, ки аз ин шароити  фароҳамовардашуда  табъи сокинону меҳмонон, бахусус кӯдакону наврасон болида мешавад.

Шомгоҳон боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» бо чароғҳои ранга, фавораҳои дилфиреб ва навъҳои гуногуни гулу буттаҳои ороишӣ басо зебою назаррабо мегардад.

Вусъати бесобиқаи тадбирҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Душанбе тайи солҳои охир имкон фароҳам овардааст, ки бо бунёд ва навсозии иншооти гуногун симои пойтахти азизамон шаҳри Душанбе кулан тағийр ёфта, дар мавзеъҳои зиёди фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонон хизматрасонии босифат ба роҳ монда шавад.

Дар кӯтоҳтарин муҳлат кӯчаву хиёбонҳо, мавзеъҳои фарҳангию фароғатӣ ва гулгаштҳо дар шаҳри Душанбе комилан навсозӣ шуда, барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ низ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» минбаъд бо шароити мусоиди истироҳату фароғат дар хизмати сокинону меҳмонон қарор гирифта, ба ҷойи дӯстдоштании онҳо табдил хоҳад ёфт.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...