28 Август 2018
Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба баргузории сӯҳбату вохӯриҳо барои рафъи омилҳои террористиву экстремистӣ маҳал ба маҳал ва нақшаҳои муштараки бахш дар кумитаҳои маҳаллаи Раззоқ, Масҷиди савр ва Тути калони бо иштироки сокинони маҳалла мулоқот гузаронида шуд.
Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, аз хатарҳои ҷомеаи имрӯза канораҷӯйӣ намуда, ба гуруҳҳои ифротӣ дохил нашуда, баҳри ободонию созандагии ватану миллати хеш кӯшиш намоянд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







