(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСолҳои охир дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини зиндагии шоиста тадбирҳои мушаххаси ободонию созандагӣ андешида шуда истодааст.

Дар ин радиф бо саъю талошҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд», ки бо маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар ҳаҷми 28, 8 миллион доллари амрикоӣ ба маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд 25 адад автобусҳои замонавии истеҳсоли Федератсияи Россия ворид карда шуд ва ин автобусҳо баъди танаффуси тӯлонии беш аз 20 сола шуруъ аз 1 уми августи соли равон ба сайрхатҳои дохилии шаҳр ба ҳаракат даромаданд. Ин тадбир имкон дод, ки сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёти мусофиркаш беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.

altТибқи дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи аввали ба фаъолият оғознамоии автобусҳо, яъне 1-уми августи соли равон дар масири микроноҳияи 8-12 шаҳраки Ғафуров ба шаҳрвандон хизматрасонии комилан ройгон ба роҳ монда шуд.

Шуруъ аз 2-юми августи соли равон нархи роҳкирои автобусҳо дар сайрхатҳои номбурда ҳамагӣ 1 сомонӣ аз ҷониби шаҳрдорӣ муайян гардид, ки то имрӯз он мавриди амал қарор дорад.

Ва инак ду рӯз қабл дар доираи лоиҳаи номбурда 25 автобусҳои дарозиаш 12 метра ба шаҳри Хуҷанд ворид карда шуд, ки аллакай дар сайрхатҳои микроноҳияи 34-шаҳри Бӯстон ва микроноҳияи 8-12 –шаҳраки Ғафуров хизматрасониро ба роҳ мондаанд.

Ин автобусҳо наздик 30 адад ҷойи нишаст дошта, беш аз 110 нафар мусофиронро ба манзил мерасонад.

Сайрхатте, ки аз ҷониби микроноҳияи 34-ум ба шаҳри Бӯстон равона мешавад, аз тавваллудхонаи шаҳрӣ ба воситаи кӯчаҳои 30 солагии Ғалаба, Сирдарё, Султон Умаров, хиёбони Истиқлол то гардиши Маҷмааи «Истиқлол» тариқи кӯчаи Исмоли Сомонӣ ба шаҳри Бӯстон мерасад.

Тавре, ки қайд намудем, 20 сол инҷониб дар шаҳри Хуҷанд автобусҳо ҳаракат намекард. Бо мурури сол, ҷойи автобусҳоро микроавтобусҳо ба даст оварданд. Ва табиист, ки вобаста ба хизматрасонӣ бархе қоидавайронкунӣ, аз қабили аз меъёр зиёд ҳаракат намудан, дар ҷойи муқаррарнашуда таваққуф намудан, зиёд гирифтани мусофирон, тамбашавии микроавтобусҳо дар кӯчаҳои марказии шаҳр, берун аз истгоҳҳо истода мусофир гирифтан, ҷалби ноболиғон ба микроавобусҳо баҳри пулчинӣ аз мусофирон, ҳаракати бенизом дар кӯчаҳои шаҳр барои ба даст овардани мусофир, бо либосҳои хонагӣ идора намудани микроавтобус ва ғайраҳо ба мушоҳида мерасид, ки ин ҳама ба риояи маданияти шаҳрдорӣ халал эҷод менамуд. Мутаасифона бо вуҷуди гузаронидани рейдҳо бо ҷалби нозирони бозрасии давлатии автомобилӣ то ҳол чунин манзараҳо ба мушоҳида мерасад.

altБояд чунин тоифа дарк намоянд, ки шаҳри Хуҷанд дуюмин шаҳри бузургтарини Тоҷикистон буда, маркази маъмурии вилояти Суғд муайян шудааст. Он намунаи олии шаҳрдорӣ ба тамоми тоҷикони ҷаҳон аст. Мо бояд меъёру талаботи шаҳрнишинӣ ва шаҳрдориро марҳила ба марҳила такмилу ба танзим дарорем ва риоя созем.

Бо ин амали худ гуруҳе аз ронандагони микроавтобусҳо дур будан аз фарҳанги муоширати хеш нишон дода, ба бар намудани либосу намуди зоҳирии ба миллати мо бегона андешаи сайёҳонро нисбати маданиятамон зери суол қарор медиҳанд.

Ё худ чӣ гуна одоби баланди шарқиёна ва шаҳрдории тоҷиконаро бо ин кирдорамон муаррифӣ менамоем?.

Бояд қайд намуд, ки таъмини хизматрасонии нақлиётӣ ба мардум ҳамарӯза зери назорати қатъии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода қарор дошта, гуруҳҳои корӣ барои ба эътидол ва танзим намудани хатсайрҳо сафарбар карда мешаванд.

Ҳамаи тадбирҳои андешидамешуда аз ҷониби Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳлил ва баррасӣ гардида, танҳо барои манфиати мардум ва таъмини хизматрасонии баланди нақлиётӣ андешида мешавад.

Гузашта аз ин то санаи 10-уми сентябри соли ҷорӣ  омадани боз 50 автобусҳои 12 метра дар назар дошта шудааст ва ин имкон медиҳад, ки вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ дар шаҳр боз ҳам беҳтар гардад.

Мо танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созандаи сокинони шаҳр ба ҳадафҳои олии хеш мерасем ва шаҳри бостонии Хуҷандро аз имрӯза боз ҳам беҳтару ободтар менамоем.

Бояд мардум, сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд дарк намоянд, ки мо ба марҳилаи рушд расидаем ва сатҳи зиндагии мо боло рафтааст. Ҷараёни якмароми зиндагии мо, ки бо мурури замон вобаста ба шароити пешомада муайян шуда буд, он бояд ҳатман такмил ёбад, фарҳанги шаҳрнишинро боло бурд. Ворид шудани нақлиёти мусофиркаши беруназшаҳрӣ як тамоюли муваққатӣ буд ва имрӯз вобаста ба зиёд шудани сокинони шаҳр ва наклиёти ҷамъиятиву шахсӣ танзими онро низ андеша намоем.

Худи ҳаракати автобусҳои имрӯза дар шаҳр собит намуд, ки мардум як ҷузъи маданияти шаҳрдориро риоя намуда истодаанд. Яъне, сокинони шаҳр бо хоҳиши худ ба истгоҳҳои муайяншуда (на сари роҳу паскӯча) омада, мунтазири автобус шуда истодаанд. Гузашта аз ин ҳаракати автобусҳо ба шаҳри Хуҷанд ҳусни дигар зам менамояд, зеро дар тамоми шаҳрҳои бузурги олам танҳо автобусҳо ба мусофирон хизмат мерасонанд, на микроавтобусҳо.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...