(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ дар беморхонаи шаҳрии №2 чорабинии тантанавӣ бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.

Сардори раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ҷомеаи меҳнатии беморхонаи шаҳрии №2 расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Шоистаи зикр аст, ки табибони вилоят, дар қатори духтурону олимони машҳури дунё, бо фаъолияти пурмаҳсулашон собит мекунанд, ки ворисони арзанда ва ҳақиқии гузаштагон мебошанд. Алҳол дар муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят 5025 нафар табибон фаъолият доранд ва аз ҷумлаи онҳо 80 нафарашон соҳиби унвонҳои илмии доктор ва номзади илмҳои тиб ҳастанд.

Илова бар ин, 16659 нафар кормандони миёнаи тиб ва 6359 нафар кормандони хурди тиб ёварони ҳақиқии табибон маҳсуб ёфта, ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд ва ба эҳтирому боварии мардум сазовор гардидаанд".

Таъкид шуд, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Пешвои миллат моҳи сентябри соли 2021 ҷашн гирифта мешавад, омодагиҳо вусъати тоза гирифтаанд. Дар назар аст, ки ба ин муносибат дар вилоят аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, таъмир, азнавсозӣ ва созмон додани ҳуҷраҳои таваллуд ва хатнаи кӯдакон, дар маҷмуъ 267 иншоот ба анҷом расонида мешавад.

Маъруф Муҳаммадзода аҳли табибони беморхонаро бо иди касбиашон табрик гуфта, аз ҷумла афзуд, ки дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат аз он шаҳодат медиҳад, ки ин ниҳоди ҳаётан муҳим иҷрои рисолати аслии худ, яъне нигаҳдории саломатии сокинони кишвар ва пешгирии бемориҳоро дар сатҳи касбӣ таъмин намуда, табибони мо бо ҷорӣ намудани роҳу усулҳои нави ташхису табобат ворисони аслии Синои бузург будани худро собит карда тавонанд. Табиби воқеӣ бояд сифатҳои ҳалимиву хоксорӣ ва одоби хуби муоширатро дастури доимии фаъолияти худ дониста, ба ин шуғли басо пурмасъулият ҷиддӣ ва бо дасти поку дилу нияти нек муносибат намояд.

Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдуҳаким Шарифов низ табибонро бо иди касбишон таҳният гуфт.

Сипас ба як қатор машъалафрӯзони соҳа ва собиқадорон нишони «Аълочии тандурустӣ», тӯҳфаҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...