20 Ноябр 2013
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро ба ҳузур пазируфт. Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамкориҳои судманд ва анъанавии шаҳри Хуҷандро бо шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия чун қайд намуда, таъкид кард,ки заминаҳои хуби ҳамкорӣ ҳануз ҳам метавонад рушд ва инкишоф ёбад.
Сафир таасуроти худро аз тамошои шаҳри Хуҷанд баён намуда, барои нигоҳдории анъанаҳои неки омузиши забони русӣ ва осорҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маданияти рус ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сипосмандии самимии худро изҳор кард.
Сафири Федератсияи Россия Игор Лякин-Фролов омодагиашро барои тақвияти ҳамкорӣ изҳор намуда, қайд намуд, ки яке аз иқдомҳои мушаххаси у ташкили сафари кории намояндаи савдои кишвараш дар Тоҷикистон ба шаҳри Хуҷанд, баҳри омузиши имкониятҳои ҳамкориҳои соҳибкорони тоҷику рус хоҳад буд.
Хотирнишон менамоем, ки Игор Лякин-Фролов ба ҳайси Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал ба вилояти Суғд ташриф овард. Ин дипломати рус зимни сафари кории худ, ки 2 рӯз идома меёбад, аз минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва ҷойҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Хуҷанд вилоят боздид хоҳад кард.