09 Август 2018
Субҳи имрӯз бо иштироки васеъи варзишгарон дар маҳаллаи «Бофанда»-и шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода толори варзишии «Ҷашнӣ» мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Роҳбари вилоят гуфт, ки бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар ҳудуди вилоят 120-130 иншооти варзишӣ сохта ва ба истифода дода мешавад.
Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки ифтитоҳи чунин иншооти муосири варзишӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон фоли нек буда, ин созандагиҳо дар оянда низ идома хоҳад ёфт.
Сипас аз тарафи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Искандар Сангинов, мурабии мактаби варзишии №3-и шаҳри Хуҷанд, ки дар Баҳри тоҷик 9 километрро дар муддати 1 соат шино кардааст, тӯҳфа ва ифтихорнома тақдим карда шуд.
Барномаи намоишии варзишгарон ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки толори варзишии номбурда, дар маҳаллаи «Бофанда» бунёд гардида, дорои 250 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои маъмурӣ, ҳаммом ва ғайра буда, харҷи лоиҳавии иншоот 1 миллиону 300 сомонӣ бо масоҳати 911 метри мураббаъ мебошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд