11 Ноябрь 2013
Новобаста аз рузи истироҳат бо истифода аз ҳавои мусоид дар маҳаллаи «Сари баландӣ» тариқи ҳашар корҳои асфалтхобонӣ шуруъ шуданд. Субҳи барвақт сокинони маҳаллаи мазкур тариқи ҳашар барои мумуфарш намудани куча якдилона корҳои омодагиро оғоз карданд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба ин маҳалла омада аз рафти корҳои ободонӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Мавсуф барои дастгирии сиёсати ободкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони маҳалла сипосмандӣ намуд.
Ҳамзамон таъкид намуд,ки ҳоло ҳам имкон ҳаст, сокинони дигар маҳаллаҳои маркази вилоят ин ташаббусро дастгирӣ намуда, онро идома диҳанд.
Пешбинӣ мешавад, қи давоми ҳафта зиёда ҳазор метри мураббаъ корҳои асфалтхобонӣ ба анҷом расида, масофаи роҳи мумфаршшуда наздик 100 метрро ташкил хоҳад дод.
Лозим ба ёдоварист,ки дар 30 соли охир кучаҳои мазкур бори аввал тамир мешаванд.