13 Июль 2018
Недоступен ни однин перевод.
Аз ҷониби кормандони маъмурияти корхонаҳои сохташудаистодаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии маҳаллаҳои навбунёди соҳили рости шаҳр дар асоси лоиҳаи “Хатти обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳия Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд” тибқи марҳилаи аввали он “Таҷдид ва зиёд намудани иқтидорҳои истгоҳи №4 КВДК “Хуҷандобуканал” корҳои васлгарию сохтмонӣ идома дорад.
Дар мавзеъи сохтмон беш аз 20 нафар кормандон бо 5 адад техника фаъолият доранд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки қубурҳои васлшаванда пурра истеҳсоли ватанӣ мебошанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд