29 Октябрь 2013
Недоступен ни однин перевод.
Бо мақсади бехтар намудани вазъи санитарии шаҳри Хуҷанд ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ба идораи Хоҷагии комуналии шаҳри Хуҷанд боз 7 адад техникаҳои хозирзамон ворид карда шуд. Дируз дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд техникаҳои нав ворид кардашудаи тамғаи «Камаз» ва як автобуси мусофиркашон бо тантана ба идораи Хоҷагии манзили комуналии шаҳри Хуҷанд супорида шуд. Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов иштирок намуда иброз дошт, ки ин воситаҳои техникӣ барои сари вақт ҷамъ намудани партов ва аз барф тоза намудани кучаҳои шаҳр хизмат мекунанд . Ҳамчунин Раиси шаҳр дастур дод, ки барои самаранок истифода бурдани ин мошинҳо барои интихоб кардани ронандаҳои пуртаҷриба озумн эълон намоянд,то мутахассисони варзида онҳоро идора намуда, солҳои дароз хизматрасонии самараноки онҳоро таъмин намоянд. Таҷҳизоти мазкур аз руи лоиҳаи бехтар намудани вазъи сантираии шахри Хучанд амалӣ карда мешавад. Пешбинӣ мешавадки боз 6 техникаҳои гуногун, ки барои тозаву обод нигоҳ доштани шахр лозим аст, ворид карда мешавад. Лозим ба ёдоварист,ки чанде пеш боз 6 адад техникаҳои нав ба идораи Хоҷагии манзили комуналӣ ворид гардида буданд.