23 Июн 2018
Дар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки табақаҳои мухталифи ҷомеа сурат гирифт.

Раиси шаҳр гуфт, ки маҳз бо шарофати сулҳу ваҳдати комил дар Тоҷикистон ба бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи устувор гузошта шуд. Давоми 21 сол мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти комил умр ба сар бурда, барои таҳкими озодӣ, пешрафту ободии Модар – Ватан ва таъмини некӯаҳволию осоиш камари ҳимматро мустаҳкам баста, бо ҳидояту раҳнамоии меъмори сулҳу ваҳдат, Сарвари мамлакат, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қуллаҳои баланди музаффарияту шукуфоиро фатҳ карда истодаанд. Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки роҳи беш аз садсолаи рушдро тай намуда, ба комёбиҳои азими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва илмию маданӣ ноил гардад. Имрӯз дар ҳамаи гӯшаву канори мамлакат аз сулҳу ваҳдат, созандагию бунёдкорӣ сухан мегӯянд. Дар бораи корнамоиву ҷоннисориҳои Сарвари муаззами кишвар бо шукргузорӣ ҳарф мезананд, ки Ватанро ободу мардумонашро шод гардонд, нақбу пулҳои замонавӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ - обӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим сохт. Ин ҳама хушиҳо самараи ҳамон Созишномаи сулҳест, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расида буд ва ҳамасола бо як дилгармии беандоза ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар таҷлил мегардад.
Таъкид карда шуд, баҳри ба даст овардани Ваҳдати миллӣ хидмат ва нақши беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарвари кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳ, ризоияти миллӣ, фаъол намудани ҷунбиши пуриқтидори халқӣ, монанди ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон зикр кардан айни матлаб буда, он ҷоннисориву ҷонбозиҳои Пешвои миллатро метавон чун қутбнамои фаъолияти мардуми тоҷик эътироф кард. Истиқлолияти Тоҷикистон агар замина-ҳои озодӣ, бунёдкорӣ, пешравӣ ва такомули ҷомеаро эҷод карда бошад, Ваҳдати миллӣ дар амалӣ шудани ин ниятҳо умеди тоза ато кард ва Тоҷикистон имрӯз ба як кишвари сарсабзу хуррам мубаддал гардид. Истиқлолият ва ваҳдат дар баробари дигар ҷабҳаҳои ҳаёти мардум дар инкишофи тафаккури таърихӣ, хештаншиносӣ, равнақу ривоҷи шуури миллӣ таъсири бузурге гузошт. Дар давоми 27 соли Истиқлолият ва 21 соли ба даст овардани Ваҳдати миллӣ дар ҷодаи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бо назардошти дастовардҳои маънавию руҳонии ниёгонамон дар кишвар воқеаҳои фараҳбахш ва таърихӣ рӯи кор омаданд, ки онҳо низ саҳифаи бобаракати таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлолро музайян месозанд. Ҳоло барои он ки ин давлат, ин марзу бум ва ин сарзамини муқаддаси воқеан биҳиштосо насиби ҷовидонии миллати куҳанбунёди тоҷик гардад, мову шумо ва насли ҷавони имрӯза бояд бо эҳсоси гарми ифтихор аз давлати соҳибихтиёри худ, онро самимона дӯст дорем, бо таъмини волоияти қонун, таҳкими ваҳдати миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ҳар зарраи хоки он ва ҳар ваҷаб замини онро чун гавҳараки чашм ҳимоя карда, бахотири ободиву шукуфоияш талош намоем.
Сардори Идораи маорифи вилоят Осим Каримзода табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба самъи ҳозирин расонида аз ҷумла қайд кард, ки “Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ арзишҳои волое мебошанд, ки давлати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд ва аз ин хотир вазифаи муқаддаси ҳар яки мо он аст, ки пояҳои давлатдории миллии худро боз ҳам таҳким бахшида, барои фардои дурахшони миллат заҳмат кашем”.
Барномаи фарҳангии идона табъи ҳозиринро болида намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд