20 Июнь 2018
Тавре, ки иттилоъ дода будем, аз 19 то 24 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ байни дастаҳои шиноварии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Дар мусобиқаи мазкур, ки дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии ба номи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” доир хоҳад шуд, варзишгарони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Туркманистон ва Федератсияи Россия иштирок менамоянд.
Бояд қайд намуд, ки маросими ифтитоҳии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ 21 июн ва маросими ҷамъбастии он 23 июн дар Маҷмааи азнавсозишудаи ҳавзҳои шиноварии ба номи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” гузаронида мешавад.
Аллакай дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва инак Белорус баҳри иштирок дар мусобиқот ҳозир шуданд. Имрӯз соати 16:00 дастаҳои Федератсияи Руссия ва Ҷумҳурии Қирғизистон ташриф меоранд.
Интизор меравад, ки пагоҳ дастаҳои Ҷумҳурияҳои Қазоқистону Туркманистон низ вориди шаҳри Хуҷанд шаванд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд