13 Июн 2018
12 июни соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бошандагони ин муассисаи иҷтимоиро аёдат намуд.
Дар ин рӯз барои 54 нафар бошандагони Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дастурхони идона ороста шуда, ба ҳар кадоми онҳо туҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят супорида шуд.
Сипас, Раиси вилоят аз филиали Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе” дар шаҳри Хуҷанд боздид намуда, бо фаъолияти он шинос гардид.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд