05 Июн 2018
22 нафар тарбиятгирандагони Маркази инкишофи зеҳнии «Пифагор» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналхалқӣ аз арифметикаи зеҳнӣ, ки 2-3 –юми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Москва байни 66 шаҳр баргузор шуд, иштирок намуда соҳиби мақоми аввал гашта, Парчами Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналхалқи боло бардоштанд.
Ғайрат Усмонов, хонандаи синфи 8-и литсейи №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи мазкур 210 адад мисолҳоро давоми 25 дақиқа ҳал намуда, ба шарафи «Устоди арифметикаи зеҳнӣ» комёб гардид.
Қобили қайд аст, ки олимпиадаи мазкур байни 4 давлат: Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бо шумули 66 шаҳрҳои ин кишварҳо сурат гирифта, хонандагони шаҳри Хуҷанд бо гирифтани 5 Ҷом ва 16 мақоми якум, ба нишондиҳандаи олитарини олимпиада муваффақ гардиданд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин бори аввал дар 10 солаи охир аст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд