21 Май 2018
Рӯзи 20 май дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд чорабинии варзишии Дави миллӣ баргузор шуд, ки дар он беш аз 25 ҳазор нафар одамони касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Чорабинии варзишӣ аз назди Корхонаи воҳиди давлатии Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” оғоз ёфта, ба василаи хиёбони ба номи Раҳим Ҷалил ва купрӯки нав то назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев идома ёфт ва дар охир ба зиёда аз 30 нафар иштирокчиёни фаъол аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд