11 Октябр 2013
Шуморо бо фаро расидани иди мубораки Қурбон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонавода осоиши рӯзгорро таманно дорам.
Фазилат ва шарофатҳои ин иди муборак барои мо аз гузаштагони некӯномамон чун пайвандгари давру замонҳо ва мероси муқаддас боқӣ мондааст ва ин нишони ваҳдат, ягонагӣ ва меҳру садоқат ба инсонҳо мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати истиқлолияти кишварамон, сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят мӯҳтарам Қохир Расулзода миллати мо дар озодии виҷдон, дину ақида, адои маросимҳои суннатию динӣ ба имкониятҳои фаровон ноил гардид.
Дини мубини ислом ҳамчун дини поку беолоиш ва раҳнамои накӯкориҳо дар кишвари мо мақоми мустаҳкам дорад. Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, барои мардум риояи кулли таомулҳои миллиро кафолат додааст.
Бо камоли ватандӯстӣ пиру барнои диёр зиндагии созандаву бунёдкорона пеша намуда, ба таълимоти фарзанди фарзонаи миллат Имоми Аъзам Абӯҳанифа бо садоқати хос имон меоваранд. Чуноне, ки Президенти мамлакат таъкид доранд, мазҳаби Ҳанафӣ, ки сулҳу субот, амнияти ҷомеа ва рифоқу осоиши мардум ҳамчун рукнҳои асосии он дониста шудааст, дар тӯли таърих дар ҳаёти маънавии халқҳои Осиёи Марказӣ махсусан тоҷикон нақши беназир дорад.
Бузургтарин савоб дар рисолати ислом хайру саховат ва олиҳимматист. Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд, савоби навозиши дилшикастагон аз фазилати ҳаҷҷи акбар зиёдтар аст. Роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорони саховатпеша дар ин бобат хислатҳои наҷиби ҷавонмардӣ нишон доданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои Раиси вилоят самти ободонии масчиду оромгоҳҳо бо доир намудани шанбегиву ҳашарҳои умумишаҳрӣ вусъат дода, садҳо ҳамдёрони арҷмандамон дар радифи маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат, кӯдакони ятиму бепарасторон бо маводҳои хӯрокаву кӯмакҳои моддӣ мавриди айёдат қарор гирифтаанд.
Имрӯз дар шаҳри Маккаи мукаррама даҳҳо нафар ҳамшаҳриёни мо дар зиёрати хонаи Худо – Кабаътуллоҳ қарор доранд. Имсол дар арафаи Иди Қурбон 143 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд бо нияти анҷоми маросими Ҳаҷ ба шаҳрҳои Маккаву Мадина сафар намуданд. Бигзор ҳаҷашон қабул шавад ва ба орзуҳои некашон расанду сиҳату саломат ба манзили худ баргарданд. Зеро онон баъди иҷрои рукни панҷуми бинои мусулмонӣ қатори тарбиятгирандагони насли наврасро пурра менамоянд, дар як саф бо муаллиму мураббӣ истода, писарону духтаронро ба рӯҳияи ватандӯстию инсонпарварӣ ва эҳтироми падару модар тарбия мекунанд.
Иди Қурбон ба шарофати фазилатҳояш қиммати бештар пайдо мекунад. Мо имрӯзу ҳамарӯз бояд ба нафъи мардум кор кунем, дар ободии диёр, сабзпӯш кардани он ҳисса гузорем, бо иффат, покизагии дилу дасти худ сабабгори щановати маънавии пиру ҷавон ва марду зан шавем, ҳастиамон софу бещубор ва беолоиш монад.
Бори дигар, Шумо ҳамшаҳриёни азизро бо Рӯзи саид - Иди Қурбон муборакбод мегӯям. Бигузор ахлоқу одоби ҳамида, ростию дӯстӣ, сулҳу ваҳдат моро ба ояндаи нек ва хушбахтона роҳнамоӣ кунад, дастархони ҳама пурнозу неъмат, хонадонашон обод ва рӯзгорашон пурфайз бошад.
Идатон муборак бод, ҳамдиёрони азиз!
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов