07 Октябр 2013
То фаро расидани фасли сармо муҳлати кам боқӣ мондааст. Бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазами тамоми ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоии маркази вилоят қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 7 маи соли ҷори №242 қабул шудааст. Тибқи ин қарор Ситоди шаҳрӣ таъсис дода шуда имруз муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов дар назди Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов гузориш доданд. Мувофиқи маълумоти пешниҳодгардида, то имруз талаботи беморхонаҳо ва таваллудхонаи шаҳрӣ пурра бо ангишт ва ҳезум барои фасли сармо таъмин шудаанд. Дар шаҳри Хуҷанд 24 макони фуруши ангишт бо 523 тонна ангишт,20 нуқтаи фуруши гази моеъ бо захираи 96 тонна гази моеъ ташкил карда шудааст.
Бо мақсади пешгири намудани ҳолати садама дар роҳҳои шаҳр дар мавсими зимистони соли 2013-2014 воситаҳои техникӣ аз муоинаи техникӣ гузаронида шуда истода, миқдори пешбинишудаи моддаҳои омехтаи зиддилағзиш захира шуда истодаанд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов доири бо барқи доимӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ва кудакистонҳои шаҳр, аз санҷиш гузаронидани истгоҳҳои барқтаъминкунии маҳалла ба роҳбарияти идораи барқтаъминкунӣ супоришҳои мушаххас дод. Ҳамзамон аз ҷониби Раиси шаҳр таъкид гардид,ки то санаи 1 ноябр корҳои мумфаршкунии кучаву маҳаллаҳои шаҳрро ба анҷом расонанд. Мавсуф илова намудки дар мавриди чароғонкунии кучаҳои шаҳр ба хусус маҳаллаҳои 8,12,13 ва таъмини доимии нақлиёти ҷамъиятӣ дар ин маҳалҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд.