16 Май 2018

Имрӯз як гурӯҳи корӣ тавассути нахустин автобус аз шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд. Дар маросими мазкур муовини якуми раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, сардори Раёсати нақлиёти заминии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Неъматзода ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Рустам Раҳматзода зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва мардумсолоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамкории мутақобилан судманди байни ду мамлакат рӯз аз рӯз рушд намуда истодааст, ки барои некӯаҳволии мардум мусоидат хоҳад кард. «Кушодашавии чандин гузаргоҳҳои байнисарҳадӣ, рафтуомади доимии мусофирон ва гардиши мол байни ду кишвар аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиме буданд, ки дар доираи сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Чорабинии имрӯза низ давоми мантиқии ин ташаббусҳо мебошад», — зикр намуд ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҳайате, ки имрӯз аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф овард, намояндагони илму адаб ва рӯзноманигорони мамлакати ҳамсоя шомил мебошанд. Меҳмонон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри бостонии Хуҷанд боздид намуданд.
Зикр шуд, ки имрӯз аввалин автобусҳои ширкати «Манзара Туризм»-и Ӯзбекистон аз шаҳри Тошканд вориди шаҳри бостонии Хуҷанд шуданд ва пагоҳ, 16 май автобуси нахустини ширкати «Asian Express Terminal» — и Тоҷикистон аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Тошканд раҳсипор мегардад.
Ҳоло дар як рӯз аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 2 маротиба ба роҳ монда шудааст. Бо назардошти шумораи мусофирон хатсайрҳои нав ва шумораи автобусҳои аз ду самт ҳаракаткунанда зиёд карда мешаванд».Минбаъд сокинони ду шаҳр метавонанд бе мамоният тавассути автобусҳо сафар намоянд. Алъон қароргоҳи автобусҳо дар шаҳри Хуҷанд истгоҳи «Роҳи Абрешим» воқеъ дар маҳаллаи 34-уми шаҳр муайн шудааст. Нафароне, ки хоҳиши сафар ба кишвари ҳамсоя доранд, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ он имконпазир мегардад.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки бо сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ба тақвияти муносибати ду давлат қадами устувор гузошта шуда, дар як муддати кўтоҳ ҷонибҳо имтиёзоти гуногунро барои равуои бемамонияти шаҳрвандон роҳандозӣ намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд