16 Май 2018
Тавре, ки иттилоъ дода будем, дируз дар толори Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд аз Рӯзи оила таҷлил карда шуд. Нахуст дар вазъияти тантанавӣ 9 ҷуфт оилаҳои барӯманду намунавии шаҳри Хуҷанд, ки аз маҳаллаҳои шаҳр ва касбу кори гуногун интихоб шуда, муддати зиёд ҳамзистӣ намуда буданд, бо дастгирии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бахшида ба Рузи Оила ба сафари серӯзаи шаҳри бостонии Самарқанд роҳхат гирифтанд ва чанд лаҳза пеш ба ин шаҳри куҳан расида омаданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд