(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Суханронии   Раиси шахри Хучанд  ба муносибати Рузи забони                                    давлатӣ, иди касбии омӯзгорон ва Рӯзи кишоварзӣ дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд»Ҳамшаҳриёни азиз!

 

Боиси сарфарозист, ки аввали моҳи октябр дар саросари кишварамон Рузи забони давлатӣ, иди касбии омӯзгорон ва Рӯзи кишоварзӣ ҷашн гирифта мешавад.  Ҷашнгирии ин чорабиниҳо падидаҳои мубораки даврони Истиқлолият буда, эътиқоду эҳтиромро нисбат ба миллати тоҷик ва таъриху фарҳанги волои он боз ҳам қавӣ мегардонад.

Ҳамасола санаи 5 октябр дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистони сохибистиклол Рӯзи забони давлатӣ  ботантана ва бо шукӯху шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Фаро расидани Рӯзи забони давлатиро  аз  номи  Мақомоти  ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд самимона муборакбод менамоям. Аз он рӯзи саид ва таърихӣ, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи забони давлатии Чумхурии Точикистон»  ба тавсиб расид ва лафзи гуворои тоҷикӣ мақоми давлатӣ  пайдо карда, ба таърихи оинҳои расмии мардумӣ боз як ҷашни умумихалкӣ - Ҷашни Забон илова гардид.  Баъди зиёда аз ҳазор сол забони тоҷикӣ мақоми худро дарёфт. Дар ин фосилаи хеле кӯтоҳи таърихӣ забони точикӣ ба ҳайси ягона забони расмии давлатӣ инкишоф ёфта, нерӯманд гардид.

Президенти ҷумҳуриамон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши забон дар зиндагии мо ва арҷгузорӣ ба рушду нумӯи он  таъкид доштанд: «Забон барҷастатарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишону бақои ҳар як халқу миллат аст».

Мақомоти иҷроияи шаҳри Хуҷанд дастуроти Сарвари мамлакат ва Раиси вилоят муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҷурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро бобати густариши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро босубот дар амал татбиқ намуда, тадбирхои зиёдеро амалӣ  менамояд.

Алҳол тамоми чорабиниҳо, маҷлису ҷамъомадхо мукотибаи байни идораҳо, коргузорӣ, таҳияи санадҳои муҳим бо забони давлатӣ сурат мегиранд.

Ҳар як фарди солими ҷомеа вазифадор аст забони ширини тоҷикиро, ки аз азал забони муҳаббату дӯстдорӣ ва ҳамдигарфаҳмии тамоми форсизабонҳои дунё буд, поку беолоиш нигоҳ дорад ва дар рушду такомули он саҳми сазовори худро гузорад.

Ҳамчунин ҷашн гирифтани Рӯзи бузургдошти муаллим ки дар кишвари мо якшанбеи аввали моҳи октябр ба таври мутантан таҷлил мегардад,  рамзи қадршиносии омўзгор ва нишони эҳтироми амиқи мардуми тоҷик ба устод, мураббӣ ва тарбиятгар ба ҳисоб меравад.

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки чорабинии имрӯза ба муносибаи Рўзи гиромидошти омўзгор, Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи кишоварзон дар рўзҳое баргузор мегардад, ки мардуми шарифи вилояти Суғд ва шаҳри азизамон аз сафари кории Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилоят ва ифтитоҳи чандин иншоотҳои наву замонавӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, бори дигар итминон пайдо карданд, ки аз тарафи Ҳукумати кишвар баҳри рушди иқтисоди Тоҷикистони соҳибистиқлол пайваста қадамҳои устувор гузошта мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ дар баробари кушода шудани як қатор корхонаҳои саноатӣ бо иштироки Президенти кишвар мактаби наву замонавӣ дар маҳаллаи нав ва нахустин Кўдакистони Президентӣ дар ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки мо ҳама шоҳиди ин воқаеаи фараҳбахш ва фаромўшношуданӣ будем.

Маҳз натиҷаи чунин ғамхориҳо буд, ки имрўз хонандагони мактабҳои мо дар олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайваста ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Ин ҳама натиҷаи заҳмати холисонаи омўзгорон аст. Онҳо ба ҳама гуна арҷгузорию қадршиносӣ шоистаанд, пешаи омўзгорӣ басе сангину заҳматталаб, вале ифтихорист.

 

Дӯстони азиз!

 

Чуноне, ки дар боло қайд гардид имрӯзҳо Рӯзи кишоварзон низ ҷашн гирифта мешавад. Бинобар ин бо боварии том гуфта метавонем, ки ин ҳамаи ин муваффақияту музаффарияҳое, ки имрӯз мардуми сарбаланди Хуҷанд ба даст овардааст, аз беҳдошти вазъи иқтисодиву иҷтимоиёти кишвар дарак медиҳад. Дар ҳақиқат, соҳаи кишоварзӣ соҳаи муҳимтарини иқтисодиёти Тоҷикистон буда, таъмини амнияти озуқавории мамлакат аз ин соҳа вобаста аст. Амалигардидани он бешубҳа аз заҳмати марди деҳқон гувоҳӣ медиҳад ва фаровонии дастархони мо аз дасти парэъҷози марди деҳқон вобастагӣ дорад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят, мӯҳтарам Қоҳир Расулзорда дар тамоми шаҳрҳои саноатӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардида истодааст, ки ин барои некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд.

 

Ҳозирини мӯҳтарам!

 

Аз фурсат истифода бурда риштаи суханро ба муовини Раиси вилояти Суғд Қобилов Аҳмадҷон Қобилович дода мешавад.

 

Ҳамшаҳриёни азиз!

 

Бо истифода аз фурсати муносиб ба ифтихори ҷашнҳои фархундаи миллӣ ва бахусус гиромидошти Рўзи омўзгор, Рӯзи забони давлатӣ  ва Рӯзи кишоварзон ҳамаи  Шумо ва тамоми мардуми фарҳангдўсту маорифпарвар ва меҳнатдӯстро самимона табрику муборакбод намуда, бароятон сарбаландию сарафрозӣ ва сансиҳативу хонаободиро  таманно менамоям ва ҳамагонро ба тамошои чорабинии  фарҳангӣ, харидорӣ намудани маводи хӯрока аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ даъват менамоям.

 

Саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

 

Шоёни қайд аст, ки имрӯз кули сокинони мамлакатамон Рӯзи забони давлатиро низ бо шукӯҳу шаҳомати хоса қайд менамоянд. Воқеан ҳам сарбаландии мо мардуми Тоҷикистони сҳибистиқлол аз он сарчашма мегирад, ки соҳиби забонем. Ифтихори миллӣ, Ватану ватандори аз волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани он сар мешавад.

Дар урфият мардуми мо мегўянд, ки «оғози некро анҷоми некест». Боварӣ дорем, ки ин ҳама маъракаҳои шукўҳманду муассир ва ҳикматомўз имсол низ башоратбахши оғозу анҷоми неки соли таҳсил барои омўзгорону хонандагони азиз мегарданд.

 

Ҳозирини арҷманд!

 

Соли равон аз ибтидо аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд бо азми дурусту саъйи комил ҷидду ҷаҳд бар он менамоянд, ки бо азму иродаи қавӣ шогирдони худро дар рўҳияи баланди худшиносию худогоҳӣ тарбия намуда, ба дастоварду комёбиҳои нав ба нав ноил гарданд.

Суханварону мутафаккирон донишро чароғи равшан, ҷавшани тан, ганҷи бебаҳо, нерўи дил, оромиши ҷон, обрўю эътибор, қудрату тавоноӣ, комёбию фирўзмандӣ ва роҳату саодат дониста, ба ҳар василае андўхтани илму донишро тарғибу ташвиқ намудаанд.

Маҳз ин ҳама ибораҳои рехтаву зебо, ки васфи донишу хониш гуфта шудаанд, аз меҳнату ранҷу бедорхобӣ ва фидокориҳои омўзгор сарчашма мегиранд. Омўзгор бо дарки масъулияти баланд ба таълиму тарбияи насли наврас машғул гардида, меҳри илму донишандўзиро дар қалби шогирдон ҷойгир мекунад.

Аз ҳамин нигоҳ вуҷуди устод, муаллим ва омӯзгор, ки машъали илму донишро дар пайкари зиндагӣ фурӯзон менамояд, болотар аз пиндор ва дурахшонтар аз таҷаллии хуршед аст. Шахсияти омӯзгор намунаи баланди одамият ва таҷассуми фазилатҳои писандида эътироф шуда, тавозӯъ ва хоксориаш нишони арҷмандӣ, сарбаландӣ ва забардастии ӯст. Ранҷу машаққат ва заҳмату шабзиндадориҳое, ки омӯзгор барои тарбияи насли шоиста таҳаммул мекунад, сарчашмаи файзбахши зиндагист, ки қалби шогирдонро ҳар лаҳза шодоб месозад.

Касби омӯзгорӣ муқаддастарин пеша ва асоси ободии ҷомеа буда, маҳз ӯ ба инсон зиндагӣ кардан, дӯст доштан, эҳёгарӣ, эҷодкорӣ ва шинохти оламу одамро меомӯзад. Омӯзгор дар замири шогирдон тухми некиву накӯкорӣ кошта, эҳсоси баланди шинохти Ватан, Модар, Миллат, нангу номусро бедор ва тақвият мебахшад.

 

 

Омўзгорони арҷманд!

Ҳамаи Шумо аз таҳаввулоту равандҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир огаҳӣ доред ва хуб дарк мекунед, ки сатҳи рушди ин ё он давлатро пеш аз ҳама пешрафту инкишофи илму маориф, сатҳи тарбияву маърифатнокии аҳолӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои навини техникаву технологияи муосир муайян мекунад. Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таълимӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати маориф маҳсуб мешавад ва барои расидан ба ин мақсад дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки дар баробари рушди дигар соҳаҳо дастовардҳо дар соҳаи маориф тайи солҳои охир хеле назаррасанд. Маҳз натиҷаи чунин ғамхориҳо буд, ки имрўз хонандагони мактабҳои мо дар олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайваста ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, эътироф ва қадрдонӣ карда мешаванд. Ин ҳама натиҷаи заҳмати холисонаи омўзгорон аст.

Дар баробари ин омўзгоронро зарур аст, ки ба соҳаи маориф ба масъулияти баланд муносибат намуда, фаъолияташонро ба талаботи замони имрўзаи рушди илму техника мутобиқ гардонанд ва ҷиҳати тарбия кардану ба камол расонидани насли созандаву бофарҳанг, ватанпарвару меҳнатдўст аз ҳарвақта дида бештар азму талош намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  пайваста ҷиҳати бузургдошти шахсияти муаллимону мураббиён ғамхориҳои бузург зоҳир менамоянд, дар яке аз баромадҳои худ дар шаъни омўзгорон чунин фармудаанд: «Муаллимону омўзгорон машъалафрўзони илму дониш буда, дар замири хонандагон шўълаи меҳри хондану аз бар намудан ва омўхтани донишҳои гуногуни муосири ҷаҳониро меафрўзанд. Ба ибораи дигар устодон шаҳсутунҳои низоми таълиму тарбия ва омўзишу парвариш мебошанд».

Ҳоло дар ҳамаи намуди мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Хуҷанд 2149 нафар омўзгорон ба насли наврас сабақи маърифат меомўзанд, ки аз ин миқдор 252 нафарашон дорандагони унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 780 нафар соҳиби тахассуси олӣ, 560 нафар тахассуси якум, 402 нафар тахассуси дуюм ва 287 нафар мутахассисони ҷавон фаъолият мебаранд. Дар ин рўзи барои ҳар як тарбиятгар хотирмону хурсандибахш мо бо эҳтиром номи як қатор омўзгорон ва мураббиёни эҷодкору заҳматқарини шаҳрамон амсоли Муяссар Исмоилова, Мавлуда Ғаниева, Замира Юсуфҷонова, Роҳат Солиева, Парвина Бердиева, Зайнура Шокирова, Шаҳодат Каримова, Меҳрӣ Оқилова, Отаҷон Усмонов, Зебо Бокиева, Зебо Камолова, Дилшода Юнусова, Дилором Мирзобобоева, Назира Алиева, Юлдуз Мухаммадрахимова, Маърифат Гафуроваро ба забон меорем, ки на танҳо дар миқёси шаҳру вилоят, балки дар тамоми ҷумҳурӣ маъруфу машҳур гардидаанд.

Бо камоли сипосмандиву ифтихормндӣ як зумра омўзгорони шаҳри Хуҷанд Кормандони шоистаи Тоҷикистон Даврон Темиров, Мухамадназир Ахмедов, Муқаддам Юсупова ва собикадорони соҳа: Наима Мўъминова, Тавҳидахон Баҳриддинова, Норӣ Бобоҷонова, Фотима Самадова, Эркиной Икромова, Роҳатхон Тўрабекова, Мағфират Қаюмова, Саломат Рустамова, Муқаддас Мухаммедова, Абдумавлон Юсупов ва дигаронро қайд кардан ҷоиз аст, ки онҳо дар ҷодаи инсонсозию миллатпарварӣ раҳнамою раҳкушои ворисонашон ҳастанд.

Тавре, ки зикр намудем, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маориф таваҷҷўҳи махсус зоҳир намуда, пайваста ба омўзгорон ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Вобаста ба имконот дар кишвар давра ба давра маоши омўзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф зиёд карда мешавад. Мисоли равшани он бо дастури Президенти Тоҷикистон аз 1-уми сентябри соли равон маоши омўзгорон боз ба андозаи 30 дарсад афзун гардид.

Дар ин раванд, тибқи дастуру супоришҳо ва иқдомҳои неки Раиси вилоятамон муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Қоҳир Расулзода ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри пешбурди соҳаи мактабу маориф, ҳавасмандгардонии омўзгорону толибилмон, бунёд ва таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои созандаро амалӣ менамоянд, ки қобили арзёбии аҳли диёр мебошад.

Омўзгорон ба ҳама гуна арҷгузорию қадршиносӣ шоистаанд, пешаи омўзгорӣ басе сангину заҳматталаб, вале ифтихорист.  Устодони маҳбуби мо баҳри боло рафтани сатҳи таълиму тарбия, шукуфоии имрўзу фардои кишвар ва афзудани обрўю эътибори ҷумҳуриамон дар арсаи ҷаҳон пайваста меҳнати фидокорона мекунанд. Самараи азму ҷидду ҷаҳди онҳост, ки ҳамасола теъдоди зиёди шогирдони муассисаҳои таълимии мо дар бонуфузтарин озмуну сабқатҳои ватанию хориҷӣ ба дастоварду комёбиҳои шоиста сазовор мегарданд ва обрўю эътибори кишварамонро бештар менамоянд.

Омўзгорони арҷманд!

Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам як нуқтаро таъкид намоям, ки мо дар остонаи интихоботи Президенти Тоҷикистон қарор дорем ва нисбати ин раванди сиёсӣ дар баробари дигар кишрҳои ҷомеа аҳли маориф низ бояд фаъолона иштирок намуда, барои интихоби Президенти Тоҷикистон ба тариқи демократӣ ва озоду шаффоф саҳми арзандаи худро гузоранд. Мо аллакай аз васоити ахбори умум медонем, ки ба ин маснади баланд аз ҳизбу созмонҳо номзадҳо пешниҳод гардиданд, аз ҷумла аз тарафи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон номзадии Президенти кунунии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ пешниҳод гардид. Аҳли маориф ҳамеша дар маъракаҳои сиёсии кишвар фаъолона ширкат меварзиданд ва мо боварӣ дорем, ки дар интихоботи президентии кишвар низ онҳо муташаккилона иштирок менамоянд.

Итминони комил дорам, ки ҷавобан ба ғамхориву таваҷҷўҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон Шумо устодон бо шаҳомату кўшиши дастҷамъона, саъю талоши пайваста барои ободии Ватани азизамон, барои таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандории шогирдон, барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар хоки поки муқаддаси ватанамон саҳмгузор гардида, парчами илму донишро дар замири ҳар як хонанда партавафшон менамоед.

Бо чунин ниятҳои нек бори дигар гиромидошти Рўзи муаллим ва Рӯзи забони давлатиро ба кулли омўзгорони арҷманд ва кормандони соҳаи маориф табрику муборакбод гуфта, ба шумо пеш аз ҳама сињату саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва дар роҳи тарбияи насли соҳибилму бомаърифат барору комёбӣ таманно менамоям.

Ид муборак, омӯзгорони азиз!

 

 

Бори дигар солгарди қабули Қонуни забонро ба ҳар яки Шумо муборакбод мегӯям ва бароятон сарбаландию комрониҳои беш аз беш, саодати зиндагӣ ва дар иқдомҳои некатон ба хотири шукуфоии Тоҷикистони азиз барору комёбиҳои нав ба нав таманно мекунам.

Иди забон, иди ҳамдилию ҳамзабонӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

Раиси шаҳри Хуҷанд                        Р. Каримов

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...