27 Апрел 2018
Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси шаҳр оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2018» ба тавсиб расид.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки ин иқдом ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва қарори Раиси вилояти Суѓд аз 10 апрели соли 2018, № 113 «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2018», бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ (бофандагӣ, дўзандагӣ, армуѓонсозӣ, кулолгарӣ, чўбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои мардумӣ) дар доираи «Соли 2018-соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» амалӣ карда мешавад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки маблағи гранти Раиси шаҳр барои занони ҳунарманд соли гузашта 65 (шасту панҷ) ҳазор сомониро ташкил медод ва имсол беш аз 100 (сад) ҳазор сомонӣ афзудааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд