03 Октябрь 2013
Кӯчаи маҳаллаҳои 33 ва 32-уми шаҳри Хуҷанд замони шуравӣ сохта шуда, то хол таъмири куллиро надидааст. Таъмирталаб будани ин роҳҳо ташвиши ронандагонро дучанд кардааст. Махсусан назди Гимназияи №13-ум ҳолати ногувор дошт. Имрӯз аз тарафи кормандони нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Хуҷанд корҳои таъмиркунии роҳ шурӯъ гардид. Бино ба иттилои масъулин ҳаҷми кор дар ин кӯча 600 метри квадратиро ташил дода, барои аз таъмири ҷорӣ баровардини кӯчаи мазкур 32 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Баъд аз ба итмом расидани таъмири ин роҳ корҳои роҳҳои дохилии маҳаллаи 32 ва 33-уми шаҳр ва кӯчаи Шарқи Хуҷанд аз таъмири ҷорӣ бароварда хоханд шуд. Маблағи умумии он 18 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дарозии ин кӯча наздик 2 километрро ташкил медиҳад.