26 Апрел 2018
Байни муҳассилини литтсейҳои касбии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҳарбӣ варзишӣ баргузор гардид.Ин мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ аз рӯи шаш намуди варзиш: кашидани вазн, вазнбардорӣ (16кг), ҳаво додани норинҷак ба масофа, кашидани арғамчин, давидан ба масофаи 100 метр, ҳаракатҳои сафӣ ва иҷро кардани амалиётҳои сафгардӣ баргузор гардид.
Дар натиҷа ҷои якумро литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд, ҷои дуюмро литсейи касбӣ хизматии шаҳри Хуҷанд ва мақоми сеюмро литсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Хуҷанд ба даст овраданд. Ба ғолибони мусобиқа ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки ин мусобиқа тибқи нақшаи якҷояи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд, Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Ташкилотии ҷамъияти «Сипари Сулҳ» ва Ташкилотии ҷамъияти «Ҳомии Ваҳдат» бахшида ба 73 – солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузургии Ватанӣ ва даъвати баҳоронаи шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991-2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафи ҳарбӣ сурат гирифт.Ҳадафи аз ташкили чунин мусобиқа баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон, тайёр намудани ҷавонон барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санҷиши донишу малакаи касбии ҷавонон мебошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд