25 Апрел 2018
Дар каҳвахонаи «Фирдавс»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ҷамъомади идона баргузор гардид.
Ҷиҳати бартараф намудани ин ҳодисаи мудҳиш аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, аз шаҳри Хуҷанд низ 120 нафар ҷавонмардон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои анҷом додани ин амали башардӯстона ширкат варзиданд. Онҳо собит намуданд, ки барояшон амнияти аҳли башар, ободии Ватан ва дӯстии халқҳо арзиши бебаҳоаст. Бар асари оқибатҳои ин садама даҳҳо нафари онҳо ба бемории радиатсионӣ гирифтор шуда, баъзеашон бармаҳал аз ҳаёт рафтанд. Хотираи неки ин фарзандони ҷоннисори Ватан дар дилу дидаи мо абадӣ боқӣ хоҳад монд».
Таъкид карда шуд, ки гузаронидани Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи барқии атомӣ, аёдати беморон, қадршиносӣ аз фаъолияти аъзоёни ҷамъияти «Иттифоқи Чернобилчиён», дар арафаи 30-юмин солгарди садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил гузошташудани Муҷассамаи ёдгории фавтидагон бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил дар «Боғи Ғалаба»-и шаҳри Хуҷанд арҷ гузоштан ба хотири фавтидагон бар асари ин садама ва аз дастгириву ғамхории пайвастаи роҳбарияти шаҳру вилоят дарак медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки имрӯз дар шаҳри Хуҷанд Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи Чернобил» 47 нафар чернобилчиёнро сарҷамъ намудааст, ки аз онҳо 30 нафарашон маъюбони гурӯҳҳои 1,2,3 мебошанд. Ҳамчунин аз 63 нафар кӯдакон 5 нафар маъюб аз волидайни иштирокчии садама тавлид гардида, 22 оилаи бесаробонмонда ба қайд гирифта шудааст.
Сипас, ба аъзои ин ташкилоти ҷамъиятӣ тӯҳфаҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода тақдим карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд