21 Апрел 2018
Чанде қабл баъди ба роҳ мондани муносибатҳои сиёсиву иқтисодии ду кишвари бо ҳам дӯст: Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар як муддати кӯтоҳ рафту омади байни шаҳрвандон ва мубодилаи молу коло ба таври назаррас афзоиш ёфт. Ин манфиати ҷонибҳо мусоидат кард. Аз ҷумла, пойин рафтани нархи бархе маҳсулоти озуқаворӣ дар бозорҳои шаҳри Хуҷанд ба мушоҳида расида, гуруҳи зиёди меҳмонон аз кишвари ҳамсоя боздид ба амал оварданд.
Бо дастуру супориши Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тоҷирон мувофиқ ба номгӯйи маҳсулоти ба фурӯш гузоштаашон ба бозорҳои атрофи мавзеъи «Панҷшанбе», аз ҷумла ба бозорҳои «20 солагии Истиқлолият», «Бадри мунир», «Афросиёб», ҶСП «Фортуна» бо ташкили шароити мусоиди фаъолият вобаста карда шуданд.
Ин имкон медиҳад, ки тоҷирон бо шароити дастрас озодона молу маҳсулоти хешро ба фурӯш гузоранд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки майдони «Регистон»-и назди бозори «Панҷшанбе» тозаю озода гардида, барои сайру гашти бемайлони шаҳрвандон ва сайёҳон муҳайё карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд