02 Октябр 2013
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, ташаббуси соҳибкор Абдурасул Раҷабов ва сокинони маҳаллаи «1Май» дируз расми ифтитоҳи корҳои мумфаршкунии кучаҳои ба номи Фрунзе ва Сари баланди маҳаллаи «1 Май»оғоз гардид. Дар чорабинии мазкур Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ширкат намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки сокинони маҳаллаи мазкур чун дигар бошандагони шаҳри Хуҷанд ҷавобан ба ғамхориҳои сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободии диёр ва кишвари худ саҳми арзанда хоҳанд гузошт. Зеро ободии кишвар аз ободии ҳар маҳал шуруъ мешавад.
Кучаи мазкур 500 метр дарозӣ дошта, баъди иваз намудани қубурҳои оби нушокӣ пурра асфалтпуш хоҳад шуд. Сокинони маҳалла аз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов хоҳиш намуданд, ки изҳори сипоси кулли бошандагони маҳалларо ба Раиси вилояти Суғд муҳтарам Қоҳир Расулзода ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон баён намояд, ки маҳз сиёсати пешгирифтаи онҳо илҳомбахши корҳои ба сомонрасондаи мардум мебошад.