05 Апрел 2018
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати дастгирии қишри камбизоати аҳолӣ, алалхусус ятимону маъюбон, шахсони яккаву танҳо, дар шаҳри Хуҷанд силсилаи тадбирҳо андешида шуда истодааст.
Ду сол инҷониб дар маҳаллаи «Ваҳдат» бо иқдоми шаҳрванд Нуъмон Ҳасанов нуқтаи хайру эҳсон амал мекунад, ки то ба имрӯз ба 4000 нафар сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғд либосу пойафзол, чиниворӣ ва дигар лавозимоти хонаро ройгон дастрас намудааст.
Дар навбати худ имрӯз зиёда аз 1600 нафар шаҳрвандони сазоватпеша ва савобҷӯйи шаҳри Хуҷанд бо хоҳиши худ ба нуқтаи хайру эҳсон либосҳои тозаи мардонаю занона, бачагона, пойафзоли ҳархела, аспобу анҷоми изофагии ба рӯзгор истифодашавандаи хешро оварда супоридаанд.Айни замон дар ин нуқтаи хайру эҳсон 170 адад либоси занона, 120 адад либоси мардона,110 адад либоси бачагона, миқдори зиёди пойафзол, аспобу анҷоми рӯзғордорӣ интизори соҳибон мебошад.
Бояд қайд намуд, ки нуқтаи хайру эҳсон ба беморхонаҳои равонпизишкии шаҳру навоҳии Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод ва Маркази равонпизишкии вилоят робита дошта, бо дархости эшон миқдори зарурии либосҳои мавсимиро ҳадя кардааст.
Дар нуқтаи хайру эҳсон волонтёрон Шарофат Раҷабова ва Мунира Юлдошева фаъолият дошта, воридоту содироти анҷомҳоро дар се дафтар сабт менамоянд.
Иқдоми дигари нуқтаи хайру эҳсон бо таъмир ва дастраснамоии аробачаҳои маъюбӣ ба сокинон мебошад ва аллакай 3 адад чунин аробачаҳоро ба ниёзмандон ҳадя намудаанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд