05 Апрел 2018
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Ҷамъияти саҳҳомии фаръии заводи тухми кирмаки шаҳри Хуҷанд боздид намуд, иттилоъ медиҳад, Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Зимни боздид ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки то санаи 2 апрел наздик 11 ҳазор қуттии тухми кирмак ба кирмакпарварони шаҳру навоҳӣ тақсим карда шудааст. Санаи хобонидани тухми кирмак аз 24-уми март оғоз гардида, санаи зиндашавии он аз 4-уми апрел шурӯъ мегардад.
Раиси вилоят дар аснои суҳбат бо масъулини соҳа, пилларо ҳамчун ашёи пурқиммати саноатӣ маънидод намуда, рушди соҳаи кирмакпарвариро бар нафъи кор арзёбӣ кард. Зеро фаъолияти якчанд корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла “Атласи Хуҷанд” ва “ВТ-Силк”маҳз ба ашёи хоми пилла вобастагӣ дорад.Ба масъулин дастур дода шуд, ки истеҳсоли пилла дар вилоят ба 650 тонна расонида шавад. Барои иҷрои нақшаи пешбинишуда зарур аст, ки кирмакпарварон дастгирӣ ёбанд. Дар заводи тухми кирмаки шаҳри Хуҷанд, ки як қисми қуттии тухми кирмак нигаҳдорӣ мешавад, ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки барои парвариши кирмак ва истеҳсоли пилла соли равон аз Ҷумҳурии мардумии Чин 13 ҳазору 585 қуттӣ тухми кирмак оварда шудааст.
Аснои боздид Раиси вилоят аз ҳолати ногувори заводи тухми кирмаки шаҳри Хуҷанд изҳори нигаронӣ намуда, барои барқарор намудани шуҳрати пешинаи корхона масъулинро вазифадор намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд