(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Имрӯз инсоният дар рӯ ба рӯи як қатор проблемаҳои ҷаҳонӣ қарор дорад, ки ҳалли онҳо кори ҳамаи давлатҳои ҷаҳон аст. Инро проблемаҳои амнияти аҳолии кураи Замин, болоравии экстремизм ва терроризм, ҷинояткориҳои трансмиллӣ, афзудани таъсири давлатҳои абарқудрат ба мамлакатҳои хурду вобаста, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ ва ғизо, ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда, танзими проблемаҳои демографии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ғайра мебошад. Яке аз масъалаҳои ташвишовар ва доғи рӯз ин масъалаи терроризм ва экстремизм мебошад. Терроризм яке аз воситаҳои амалӣ намудани мақсадҳои сиёсии гурӯҳҳои муташаккил   маҳсуб меёбад, ки мехоҳанд харитаи сиёсиву иқтисодии сайёраро баҳри манфиатҳои нопоки хеш сӯиистифода намоянд. Яке аз ҳадафҳои асосии терроризми байналхалқӣ дар ин ё он мамлакат барҳам додани низомҳои иртиҷоии ҷаҳолатпеша мебошад, ки ба идеологияии экстремистӣ асос ёфтааст. Худи истилоҳи «терроризм» аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънояш тарс, ваҳшат мебошад. Яъне, сиёсати тарсонидан пахш намудани мухолифони сиёсӣ ба воситаи зӯроварӣ мебошад.

Терроризм содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади ҷисмонан бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ,  тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

Мувофиқи моддаи 8 Конститутсияи мамлакат дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ дар асоси бисёрҳизбӣ сурат мегирад. Ягон идеология аз он ҷумла ислом, ба сифати идеологияи давлатӣ эътироф карда намешавад. Ташкилотҳои динӣ, ки тибқи қонун аз давлат ҷудо мебошанд, ба корҳои давлатӣ дахолат карда наметавонанд. Ин маънои онро дорад, ки дар Тоҷикистон, ҳамчун давлати дунявӣ, муассисаҳои динӣ аз мақомоти давлатӣ ҷудо карда шудаанд ва онҳо имконият надоранд, ки ба мақомоти давлатӣ таъсир расонанд. Шаҳрвандон дар интихоби дин озоданд ва давлат ҳақ надорад, ки ба шаҳрвандон дар риоя кардани анъана ва муқаррароти динӣ маҳдудият ба миён оварад. Ба тарзи дигар гӯем, инсон дар эътиқоди динӣ, виҷдон ва шахсият озод аст.

Барои мубориза бар зидди ифротгароӣ дар баробари меъёри ҳуқуқӣ дар моддаи 8-и Конститутсия омада,  инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тамоми  чораҳои қонуниро меандешанд, ки мардуми кишварро аз ифротгароӣ ва ифротгароён ҳимоя намоянд.

Бо мақсади пешгирӣ ва андешидани чораҳои муқовимат бар зидди чунин падидаҳои номатлуб мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи чорабиниҳои сиёсиву ҳуқуқиро амалӣ карда истодааст. Дар ин раванд амали Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мавқеи асосиро ишғол менамояд, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-марти соли 2006 таҳти №1717 тасдиқ гардидааст. Бинобар ин, дар муассисаи мо низ бо хонандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ, соатҳои тарбиявӣ, мизи мудавварҳо оид ба мавзӯи «Нест бод терроризм», «Мо хоҳони ҷомеаи озодем», «Терроризм ва экстремизм – доғи рӯз» аз тарафи омӯзгорони муассиса доимо  гузаронида мешавад. Бинобар ин, мо омӯзгорон вазифадорем, ки ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, ифтихордории миллат тарбия намоем, ки онҳо набояд фирефтаи маъниҳои пучу бебунёди гурӯҳҳои иғвопеша гарданд. Волидайни азизро  мебояд, ки дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» кору рафтор намоянд, зеро ин қонуни миллӣ санади даврони соҳибистиқлоли кишварамон мебошад.

Фаҳмиши зарурати дар ҷомеаи тоҷик баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ муҳим аст. Бояд ба мардум ёрӣ расонид, то ки арзиши ҳуқуқи инсон, фарҳанги ҳуқуқ ва таҳаммулро бубинанд, бо ин роҳ мақоми иҷтимоии худро бифаҳманд, муноқиша ва низоъҳоро тавассути роҳҳои ҳуқуқӣ ва ба таври осоишта ҳал карда тавонанд. Ҳамаи ин мардумро ба муқобили ифротгароӣ хуб тайёр  мекунад.

Зайнура  Юсупова
омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ
МТМУ №18-и ш.Хуҷанд ба номи Садриддин Айнӣ

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...