05 Апрел 2018
Асосан агар ба фаъолияти ин тахрибкорон назар афканем, кори худро онҳо тариқи шабакаву сомонаҳои интернетӣ ба роҳ монда, мехоҳанд бо андешаву назарияҳои пучи худ ҷавононро ба доми худ кашанд. Яъне ин нохалафон аз шеваи корбурди ҷангиёни давлати бо ном исломии Ироқу Шом (ДИИШ) кор гирифта, қаблан ақидаи ҷавонони ба домашон афтодаро муботиқ ба ақидаву марбут ба фаъолияти хоҷагонашон тавъам мекунанд. Яъне онҳо байни ҷавонон усули мағзшӯиро пеша гирифта, андешаву кирдори онҳоро ба муқобили пешрафт ва шукуфоии кишвар омода мекунанд.
Онҳо аслан ҳуқуқи аз номи Тоҷикистон сухан гуфтанро надоранд. Зеро ин нохалафон кайҳо боз тарки шаҳрвандии Тоҷикистон кардаву дар кишвари хоҷагонашон паноҳандагӣ мекунанд. Сайидюнуси лаъинро, ки тибқи иттилои худаш ҳаққи баромадан аз Эронро надорад, чигуна метавон озодандеш унвон кард. Ё дигар номардонро.
Мо ҳайати омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и шаҳри Хуҷанд ин номардони разилро ҳамчун озодандеш не, балки ҳамчун бадандеш шинохта, дарк мекунем, ки аллакай хоҷагонашон бо онҳо мағзшӯӣ кардаанд, ки Сайидюнус мазҳаби аҷдодиашро фурӯхта, мазҳаби хоҷагонаш - шиаро қабул кардааст. Дониста бошанд ин тангназарон, ки дигарбора байни ҷавонони мо пинҳонкориву фитнагарии ин разилон ба кор намеравад ва дигар мағзи ҷавонони моро шуста наметавонанд, зеро мағзи сари ҷавонони мо андешаҳои созандаву бунёдкорона банд аст.
Аҳли омӯзгорони
МТМУ №18-и шаҳри Хуҷанд