05 Апрел 2018
Изҳороти аҳли ҷомеаи омӯзгорону толибилмони МТМУ №16-и шаҳри Хуҷанд дар мавриди фаъолияти ташкилоти экстремистӣ террористии ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро.
Сулҳ барои мо, тоҷикон, бо нархи ҷон муяссар гаштааст. Маҳз бо кӯшишу ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон абрҳои сиёҳ фазои сиёсии Тоҷикистонро тарк карданд. Дар натиҷа сулҳу ваҳдати миллӣ, якдигарфаҳмӣ ба вуҷуд омад ва миллати тоҷик аз маҳвшавӣ эмин монд.
Имрӯз шукргузор аз онем, ки дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ ва кору фаъолият мебарем. Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву ичтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки соли 1997 ба имзо расид, боз ҳам мустаҳкам намуд. Мардуми кишвар зери Парчами Истиқлолият ва ғояҳои Ваҳдати миллӣ дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва Ватани соҳибистиқлоли хешро беш аз пеш афзун мегардонад.
Ҳамин ваҳдат буд, ки ҷомеаи моро аз пора-пора шудан нигоҳ дошт.
Ҳамин ваҳдат аст, ки мардуми моро ба файзу нусратҳои тоза ба тоза ҳидоят мекунад.
Мо ба қадри Ваҳдат мерасем, ба он ҳамеша арҷ мегузорем ва ситоиш мекунем.
Имрӯз Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои хирадманду покдину покдил ба дараҷаҳои пурвусъати тараққиёти иқгисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ расидааст, аммо ҷомеаи пешравандаву орому осудаи моро рафтору кирдори баъзе афрод халалдор менамояд. Терроризм солҳои охир ба яке аз муаммоҳои сиёсиву амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Сиёсатшиносон бар онанд, ки ин зуҳурот чун вабои аср эътироф шуда ба ҳастиву саломати бани башар таъсири манфӣ мерасонад ва ҷой доштанаш дар миқёси ин ё он минтақа ва ё кишвар гувоҳ аз оқибатҳои фалокатбори он мебошад.
Ҳамасола дар ҷаҳон даҳҳо амали террористӣ содир мешавад ва аз ин ҳисоб дар байни ҷомеа баробари куштаву қурбоншудагон, осори тарсу бим ва хавотирӣ боқӣ мемонад. Бадхоҳони миллати тоҷик мардумро бовар мекунонанд, ки дар роҳи рост қарор доранд, ҳол он ки ба ҷуз хиёнат ба Ватан дигар коре анҷом надодаанд. Чунончи, аъзои ТЭТ ҲНИТ бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ ҳар рӯз ва бо ҳар роҳ мехоҳанд, ки ҳаёти орому осоиштаи мардумро халалдор намоянд. Лекин бо бозиҳои авомфиребонаи худ онҳо дигар халқи ваҳдатофари тоҷикро фиреб дода наметавонанд. Ба ин душманони миллат гуфганием, ки дигар мардумро фиреб додан осон нест, ҳама огаҳанд, ки ТЭТ ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои ҳамақидаи он бо халқ дӯст нест.
Набояд фаромӯш кард, ки мубориза бо терроризм зуҳуроти барои инсоният хатарноку бегона, бинобар мураккабиаш, вазифаи дарозмуддат ва ҳамарӯзаи бани башар аст.
Муборизаи мо ба муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад.
Бинобар ин, ҳар нафар, хоса насли ҷавонро, ки фирефтаи чизе шуданаш нисбатан осонтар аст, эҳтиёт ва ҳушдор бояд кард, то пеш аз анҷоми ҳар амал аз оқибату натиҷаи он андешад.
Ҷомеаи омӯзгории мо аз муҳаббату самимияти беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳравар буда, пайрави ҳамешагии ин шахсияти беназир дар роҳи созандагиву бунёдкории Ватани биҳиштосоямон боқӣ мемонад.
Мо, омӯзгорон, бояд дар сафи пеши мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ бошем. Ба шогирдони худ ба таври саҳеҳу дақиқ бо далелу рақамҳо фаҳмонем, ки экстремизму ифротгароӣ чй ҳадафу матлаб доранд, ба чӣ муваффақ шудан мехоҳанд, аз куҷо cap задаанд, роҳбарону ҳомиёнашон киҳоянд, чаро амалиёти онҳо бар ҳастии инсоният хатарнок аст.
Аҳли ҷомеаи омӯзгорони
МТМУ №16-и шаҳри Хуҷанд