05 Апрел 2018
Мубориза ба муқобили чунин падидаҳои хатарзои асри ХХ1 аз вазифаҳои мубрами кормандони илму фарҳанги дунявӣ ва ходимони намоёни дини муосир маҳсуб мешавад. Терроризм чун вабои аср имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 декабри соли 2015 дар Иҷлосияи сеюми авқуллодаи Созмони Конфронси исломӣ дар шаҳри Москва дар суханронии худ таъкид намуда буданд, ки «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани худову бандагони ӯст. Барои бартараф намудани чунин андешаю гумонҳои нораво мо ҳама давлатҳои мусулмонӣ бо падидаҳои радикалӣ, экстремистӣ ва террористӣ бояд дар ҳамбастагии зич мубориза барем, чун, ки ин гуна нерӯҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро дощдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломро ниёда месозанд».
Ҳабиба Ҳасанова омӯзгори фанни
таърих ва ҳуқуқи МТМУ № 17-и
шаҳри Хуҷанд ба номи Ҳаким Карим