28 Март 2018
Ба ифтихори 70 - солагии олими номвар, номзади илмҳои иқтисодӣ устоди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Манзура Султонова дирӯз дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Саидӣ чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд соҳибҷашнро бо рӯзи мавлуд муборакбод гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки дар рушду нумӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар қатори дигар абармардон саҳми Манзура Музаффаровна хеле калон аст. Зеро дар он айём кам бонувон буданд, ки ба соҳаи илмҳои техникӣ рӯ оваранд. Хизматҳои муаллима дар пешрафти ду филиали донишгоҳҳои муқтадири кишвар – Филилали Хуҷандии Донишгоҳи техники Тоҷикистон ва Филилали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон хеле калон аст. Манзура Султонова ба ҳайси устод, мудири кафедра, декани факултет, сардори маркази мартабаи донишкада дар тарбияи шогирдон нақши асосӣ бозида, робитаи мустаҳками донишкада бо корхонаҳои ҳудуди вилоят боз ҳам қавитар сохтанд.Дилафрӯз Саидӣ низ зимни табрикоти ҷомеаи меҳнатии донишкада аз масъулиятпешагӣ, мафкура ва дониши баланди муаллима ёдовар шуда, баён дошт, ки дар тӯли беш аз 45 соли фаъолияташон соҳибҷашн даҳҳо шогирдонро дар риштаи илми иқтисод тарбия намуданд, ки имрӯз шогирдони муаллима дар бонуфузтарин ташкилотҳои байналхалқӣ кору фаъолият дошта, дастовардҳои меҳнатии худро аз сабақҳои додаи устоди худ медонанд.
Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ хоҳари соҳибҷашн Маҳбуба Султонова, шогирд ва ҳамкор, собиқ директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон Анвар Мақсудӣ, декани факултети муҳандисӣ- иқтисодӣ Гулнора Юсупова, собиқадори меҳнат Шуҷоат Ҳасанова, бародари соҳибҷашн Шӯҳрат Султонов, ҳамкорону шогирдон дар ҳаққи ин бонуи меҳнатдӯсту заковатпеша ҳарфҳои пур аз муҳаббату самимӣ гуфтанд.
Намоиши видеролику слайдҳо аз ҳаёти Манзура Султонова хеле рангину ҷолиб буд.
Бо ҳамин чорабинии тантанавӣ хотима ёфт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд