23 Март 2018
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз рафти корҳои мумфаршкунии роҳ дар маҳаллаи "Дӯстии халқҳо" аз наздик шинос гардида, ба роҳсозон баҳри сифатан беҳтар кардани корҳо дастуру супоришҳо дод. Бояд қайд намуд, ки ин кӯча 3, 5 километр дарозӣ дорад ва он ба пуррагӣ мумфарш карда мешавад.
Бино ба таъкиди роҳбари КД «Истифодабарии роҳҳо»-и шаҳри Хуҷанд Салим Юнусов ин оғози корҳои мумфаршкунӣ дар соли 2018 буда, то охири сол беш аз 30 километр роҳҳои дохилии шаҳр мумфарш карда мешаванд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд