(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дар раванди сиёсии ҷомеа ва дар пешравии он нақши мафкура ва шуури сиёсӣ аҳамияти муҳим дорад. Тавре маълум аст, дар Тоҷикистон ҳизбҳои гуногун фаъолият доранд ва ҳар кадоми онҳо ба худ хос мафкура дошта, онро тарғиб месозанд.

Раванди  имрӯза талаб менамояд, мафкураи ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ бояд харакатери солим дошта, он ба манфиати ҷомеа хизмат намояд.

Алалхусус дар замони пуртазод, бархӯрди таммадунҳо  ҷараёнҳои экстремистӣ мехоҳанд, ба доми худ ҷавонони гумроҳро шомил намояд. Аз ин раванд ҷавонони минтақаи Осиёи Марказӣ низ дар канор нестанд. Мисоли равшани онро мо дар иштироки ҷавонон дар набардҳои Сурияву Ироқ бараъло мебинем. Маҳз пайдоиши ба ном «Давлати исломӣ» имрӯзҳо ҳазорҳо нафар шаҳрвандони на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақаро ба доми худ кашида истодааст. Дар ин ҷода бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ дар  байни шаҳрвандон ҷоннок карда шавад, то ки ингуна зуҳуроти номатлуб аз ҷомеа барканор шавад. Вале таҳлилҳо нишон медиҳад, ки сол ба сол сафи ҷавонони ноогоҳ зиёд гашта истодааст. Тибқи изҳороти расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат имрӯзҳо ҳазорҳо нафар шаҳрвандон дар низоъҳои Шарқи Наздик ва сафи ба ном «Хилофати исломӣ» бар муқобили реҷими давлатӣ дар Сурия, Яман, Ливиё ва Ироқ иштирок доранд. Аз рӯи таҳлилҳо аксари нафарони дар Сурияву Ироқ ҷанганда то 35 – сола ва аз он ҳам ҷавонтар ҳастанд. Ин бори дигар гувоҳи он аст,  ки имрӯз бояд тамоми аҳли ҷомеа бар муқобили ингуна зуҳурот, тафккури иртиҷоӣ дошта муборизаи беамон барад. Аз сухан бояд ба амал гузашт, то фардо дер нагардад. Бояд мақомоти дахлдори соҳавӣ аз рӯи барномаҳои мушаххас тамоми шаҳрвандони мамлакатро ва пеш аз ҳама ҷавонону наврасонро аз симои разили  гурӯҳҳои тундрав огоҳ намоянд. Дини поки исломро аз ҳаргуна сиёҳкориву палидиҳо пок созанд. Исломи суннатиро, ки қарнҳо инҷониб бобоёну падарони мо мепарстиданд, фаҳмонанд ва дини мубинро аз сиёсати разилу иртиҷоӣ фарқ намоянд. Зеро дар он ҷомеае, ки дин мавриди сиёсишавӣ қарор мегирад, он дини созанда неву балки сӯзанда мегардад. Мисоли равшани онро дар давлати ҳамсояи мо – Ҷумҳурии исломии Афғонистон мебинем, ки солиёни зиёд вазъияти ҷангӣ доманадор аст. Аллома Иқбол гуфта аст:

Ислом дар зоти худ надорад айбе,

Ҳар айбе ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

Равандҳои бузурги геополитикӣ мамлакати кӯчаки моро низ дар канор монда наметавонад. Сентябри соли 2015 як гурӯҳи муайян хостанд дар Тоҷикистон низ ҷанг сар занад ва бо роҳбарии бевоситаи размандаи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, собиқ муовини вазири мудофиаи мамлакат генерал – майор Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ба табаддулоти давлатӣ даст заданд, вале ба мақсади нопоки худ нарасиданд. Тибқи баёноти расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сари ин ҳама амалҳои нопок раиси ҲНИТ М.Кабирӣ меистад. ҲНИТ аз замони таъсисаш барои  бунёди ҷомеаи исломӣ, ба монанди Афғонистону Сурия ва Ироқ, кӯшиш кард. Аммо тираш хок хӯрд. Ин вазъи номатлуб бори дигар моро ба зиракиву ҳушёрӣ водор месозад.

Дар натиҷаи ҳамин мафкураю шуури сиёсӣ дар солҳои ҷанги бародаркуш ғояи ташкил кардани давлати исломӣ дар ҷумҳурӣ аз тарафи ҲНИТ тарғиб карда мешуд ва он аз тарафи аъзоёни ҳизб ва ҷонибдорони онҳо дастгирӣ  меёфт.

Пас аз имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон ҲНИТ барои сиёсинамоии мафкураи динӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, онро пурзӯр мекард.

Дар натиҷа дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъолияти аъзоёни ҳизб ва домуллоҳои чаласавод пурзӯр гардида, ба таври ғайриқонунӣ мактабҳои динию масҷидҳо ташкил медоданд.

Тавре маълум аст, дар ҷумҳурӣ ба гирифтани донишҳои динӣ аз тарафи ҳукумат тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Пӯшидани сатру аврат ва мондани ришҳои дарози дилгиркунандаву безеб ба либоси миллию анъанаҳои давлатдории тоҷикон мухолифат менамояд.

Дар натиҷаи дастгирии ҲНИТ зиёда аз 500 нафар ҷавонони тоҷик дар сафҳои ҷангиёни ДИИШ ба муқобили Сурия меҷангиданд.

Фаъолияти хоинонаву ғайриқонуни  ин ҳизб бар хилофи Конститутсия ва дигар қонунҳои давлат ба шумор рафта, аз характери экстремистию террористии ҲНИТ шаҳодат медиҳад.

Ҷомеаи демократӣ волоияти қонун ва риояи онро аз ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо талаб менамояд.

Баста шудани фаъолияти ҲНИТ бо қорори Суди Олии Тоҷикистон минбаъд барои пешгирӣ кардани фаъолияти ифротгароӣ ва бо сиёсат омезиш додани динро пешгирӣ намуда, ҷомеаро дар руҳияи арзишҳои солими қонунию динӣ тарбия менамояд.

Ҳар шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ватандӯсту худогоҳ бошанд, дар ягон ҳолат бетарафӣ набояд кард. Нагузорем, ки нафарони нохалаф майнаи ҷавонони моро бо ғояҳои ифротгароёнаи худ пур намоянд. Ба ҳар як ҳуҷуми ин гуна гурӯҳҳои экстремистӣ аслиҳа дошта бошем ва  зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар гирди давлат ва Пешвои миллат муттаҳид гардем .

Фаттоев Ҳотамҷон- мудири кафедраи таърих

ва ҷомеашиносии Коллеҷи омӯзгории ДДХ

ба номи академик Б.Ғафуров

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...