23 Март 2018
21 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка намояндагони Ширкати “Боинг” - ро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот оид ба имкони рушди ҳамкориҳои судманд бо ин ширкати ҷаҳонӣ дар соҳаи нақлиёт, мусофиркашонӣ, беҳдошти парки нақлиётӣ дар Тоҷикистон ва бо ин роҳ беҳтар кардани сатҳи хизматрасонии ширкатҳои мусофиркашонии ҳавоӣ, табодули андеша карда шуд.
Тавре маълум аст, якчанд ширкати Тоҷикистон, ба хусус Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” аз тайёраҳои муосири “Боинг” истифода мебаранд.Ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки рушди ҳамкориҳои дуҷониба барои дар амал татбиқ кардани нақшаву ниятҳо баҳри беҳсозии сатҳи хизматрасонии мусофиркашонӣ ва дигар ҳадафҳо дар ин самт мусоидат мекунад.