20 Март 2018
Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ба 33 нафар собиқадорони аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва вилоятидошта кӯмакҳои якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тақдим карда шуд.
Сипас аз ҷониби Назира Ғаффорӣ, муовини Раиси вилояти Суғд ва Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд ба 33 нафар собиқадорони аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва вилоятидошта кӯмакҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Нависанда Маъруф Бобоҷон, ин иқдомро шоистаи таҳсин унвон намуда, таъкид дошт, ки таваҷҷуҳ ва ғамхории пайваста ба собиқадорон худ аз давлати иҷтимоӣ ва раъиятпарварии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад. Тозакориву ободкорӣ ва гулкориву созандагии диёр аз ҷониби Раиси вилоят Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода сокинони пуршарафи ин шаҳри бостониро илҳоми тоза мебахшад. Ва ҳамзамон тақозо менамояд, ки аз ин бештару хубтар ба нафъи Давлату миллат хизмат намоем.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода барои таваҷҷӯҳ ва ба ғамхорӣ фаро гирифтани собиқадороне, ки корҳои шоиста дар ҷумҳурӣ ба анҷом расонидаанд ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода миннатдорӣ баён намуда, таъкид дошт, ки минбаъд низ чунин қишри ҷомеа зери назари доимии Мақомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии шаҳр қарор мегирад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд