20 Март 2018
Бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Маркази таҳсилоти иловагии вилоят санаи 18-уми марти соли равон дар варзишгоҳи «Хуррамшаҳр»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров озмуни вилоятии «Бозиҳои миллӣ» баргузор гардид. Дар он хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.
Осим Каримзода - сардори Раёсати маориф ва илми вилоят иштирокчиён ва меҳмонони чорабиниро хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки мақсад аз гузаронидани чорабинӣ аз нав эҳё кардани бозиҳои миллии ниёгон, бедор кардани ҳисси хонандагон нисбат ба анъанаву бозиҳои миллӣ, ташвиқоту тарғиботи он байни мактабиён ва ботантана ҷашн гирифтани Иди Наврӯз мебошад.Сипас хонадагони боистеъдоди шаҳру навоҳии вилоят дар намудҳои бозии миллии бодбаракпарронӣ, лалакпарронӣ, чиллак, ланка, ошуқбозӣ, арғамчинбозӣ, лаппак ва ҳаппак чусту чолокии худро нишон доданд.
28 нафар ғолибони бахшҳо бо тӯҳфаҳои Раёсати маориф ва илми вилоят дар вилояти Суғд сарфароз гардида, ҳамчунин 40 иштирокчиёни фаъол бо Сипоснома қадрдонӣ шуданд. Ба 10 нафар ширкаткунандагон тӯҳфаи Сардори Раёсати маорифро Осим Каримзода дар вазъияти тантанавӣ супориданд. Барои 60 нафар иштирокчиёни хурдсоли бозии миллӣ тӯҳфаҳо аз қабили шириниҳо тақдим карда шуд.