17 Март 2018
Субҳи имруз дар доираи тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилал беш аз 10 ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногуни шаҳри Хуҷанд дар назди Маҷмааи ҳавзи шиноварӣ ҷамъ шуда, бо ҳадафи солимгардонии тану руҳ машқи пагоҳирӯзӣ гузарониданд. Ҳамзамон шаҳрвандони варзишдӯст аз назди Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол» то микроноҳияи 3- юм дар дави наврузӣ ва марафони велосипедронӣ фаъолона иштирок намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд