15 Март 2018
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Канслери Федералии Ҷумҳурии Федеративии Германия Ангела Доротея Меркел барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Хонуми Олиҷоҳ,
Бо камоли сарфарозӣ интихоб гардиданатонро ба вазифаи Канслери Федералии Ҷумҳурии Федералии Германия табрику муборакбод мегӯям.
Рушду тавсеаи бемайлони муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо Германия аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон мебошад.
Мо итминон дорем, ки ҳамкориҳои созандаю судманди мо дар соҳаҳои мавриди таваччуҳи тарафайн мутобиқ ба манфиатҳои ҳаётии ҳар ду давлат дар оянда низ бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ хоҳанд гашт.Мо хоҳони вусъати бештари ин раванд ҳастем ва омодаем, ки дар ин ҷода кӯшишҳои пайвастаи муштарак намоем.
Бо истифода аз фурсати нек ба Шумо тансиҳатӣ ва комёбиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Германия сулҳу амонӣ ва шукуфоӣ орзумандам».
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд