10 Март 2018
Тибқи супориши иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар остонаи Рӯзи матбуоти тоҷик як қатор собиқадорони соҳа аёдат ва ба эшон тӯҳфаҳо тақдим карда шуданд.
Устодони қалам, аз ҷумла Мавлуда Шарифова, ки 14 сол дар вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Тирози ҷаҳон» фаъолият дошт, аз ин таваҷҷуҳ ва меҳрубонии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода шод гашта, дуои нек баҳри ободии диёр намуда, омодагии хешро ҷиҳати тарбияи рӯзноманигорони соҳибқалам ва касбӣ изҳор дошт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд