09 Март 2018
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва Роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Хуршед Сатторзода собиқадори меҳнат Очаой Солиеваи 101 соларо аёдат намуда, Паёмҳои табрикотии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рузи модар ба ин зани олиҳа расониданд.
Ба муносибати Рӯзи модар Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳамзамон як қатор бонувони собиқадори арсаи меҳнат Каромат Ахмедова ва Фотима Самадоваро аёдат ва эшонро бо Рӯзи модар табрик гуфт.
Собиқадорони соҳаи тандурустӣ Каромат Ахмедова ва Аълочии маорифи Иттифоқи Шуравӣ Фотима Самадова аз ин ғамхории Давлату Ҳукумат сарфароз гардида, баҳри шукуфоии кишвар дуои нек намуданд.
Ҳамзамон тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки бахшида ба Рӯзи модар 20 нафар занони собиқадору барӯманд, ки дар рушду нумӯи ҷомеа ҳиссаи арзанда гузоштанд, инчунин шахсони яккаву танњо, занони солхӯрда аёдат гардида, бо тӯњфањои хотиравии Раиси шаҳр қадрдонӣ карда шудаанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд