07 Март 2018
Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа не , балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд.
Созмонҳои экстремистию террористӣ фаъолияташонро вобаста ба паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаю адоват ва низои мазҳабӣ дар ҷомеа, ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон ва содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ пурзӯр намуда, мехоҳанд сохти ҷамъиятӣ-сиёсии ин ё он кишварро бо роҳи зӯроварӣ тағйир диҳанд.
Айни замон гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд ва мақсади асосии ин гурӯҳҳои терористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсии иқтисодист.Махсусан барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки миллиардҳо арзиш доранд ҷаҳд мекунанд. Лекин пеш аз гирифтани бойгариҳои ҳар як сарзамин, аввал ҳамон минтақаро хароб гардонида, ба ҷангҳои бародаркушӣ, бесарусомонӣ ва поймолкунии ҳуқуқҳои инсонӣ оварда мерасонанд.
Дар натиҷаи амалиётҳои нопоки худ онҳо хуни ҳазорҳо нафар шаҳрванди бегуноҳро мерезанд, кӯдакон бесарпаноҳ мемонанду занон ба ҳалокат мерасанд.
Баъзе нафарон бошанд барои халос ёфтан аз ин нопокиҳо даст ба гурезагӣ мезананд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани амали ваҳшиёнаи худ ба мазҳабу дин такя мекунанд, ки ин ба дин ҳеҷ алоқамандӣ надорад.
Имрӯзҳо, мутаассифона, аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи исломӣ ошно нестанд, чунин меҳисобанд,
ки ба ислом хислати ситезу тундрав, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андеша мутлақо ғалат аст. Зеро Қуръон, ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният ва ваҳдат бунёд ёфта, зарурати сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид менамояд.
Имрӯз коршиносон бар он назаранд, ки ба доми террористӣ бештар ҷавонони муҳоҷир ё муҳассилини кишварҳои арабӣ ҷалб мешаванд. Барои ин онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода мебаранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар амсоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат, ва дину мазҳаб надорад, балки таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳон ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст»
Сулҳе, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қиматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар баста, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистони азизамонро ғуборолуд созад.
Мо ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Ин чунин, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем.
М. Ҳайдарова,
омӯзгори фанни таърих
ва ҳуқуқ МТМУ №8 ш.Хуҷанд