06 Март 2018
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Боғи “Низомиддин Алишер Навоӣ” Амрро ба имзо расониданд.
Дар асоси Амри мазкур Раиси шаҳри Душанбе бояд барои ба боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» иваз намудани номи боғи «50-солагии ҷавонон», воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе, ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод манзур намояд.
Тибқи дастури дигари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин боғ пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гузошта мешавад.Ба хотири дар амал татбиқ кардани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Боғи “Низомиддин Алишер Навоӣ” роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои таҳияи лоиҳаи муҷассамаҳои мутафаккирони номбурда озмун эълон менамояд.
Мавриди зикри хос аст, ки ин тадбири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун хислати накуи башардӯстӣ, сулҳпарварӣ ва мусоидат ба таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстӣ ба хотири гиромидошти фарзандони баруманди ду миллати дӯсту ҳамсоя - Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ ва қадршиносии онҳо баҳри саҳмгузорӣ дар пойдории дӯстии халқҳои точику ӯзбек, амалӣ мегардад.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд