22 Феврал 2018
Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд якҷоя бо шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, иттифоқи собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист, комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон, тайёр намудани ҷавонон барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санҷиши донишу малакаи касбии онҳо дар Муассисаи давлатии варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҳарбӣ – варзишии «Ҳомиёни ҷасури Ватан» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳр баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 7 дастаи беҳтарин бо фарогирии зиёда аз 80 нафар ҷавонон иштирок намуданд.
Дар натиҷа ҷойи аввал насиби дастаи гимназияи №4, ҷойи дуюм дастаи «Ирфон» ва ҷои сеюмро муҳассилини МТМУ №18 ба даст оварданд. Ба ғолибони мусобиқа ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд